Пандемия шумори миллионерҳои Олмонро зиёд кард


Дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар Олмон шумори миллионерҳо 58 ҳазор нафар афзоиш ёфт.
Ин маълумоти коршиносони бонки Credit Suisse (Швейсария) мебошад. Дар моҳҳои январ-июн сарвати хусусии олмониҳо низ зиёд шудааст. Ба сурати миёна дар ин муддат сарвати ҳар як шаҳрванди калонсоли Олмон 1,8 дарсад афзудааст. Гуфта мешавад, ки афзоиши сарвати онҳо то поёни сол ба 3,9 дарсад мерасад. Муаллифони ҳисобот мегӯянд, ки афзоиши сарвати олмониҳо натиҷаи сарфакорӣ дар даври пандемия мебошад.
Дар Олмон 40 дарсади аҳолӣ беш аз 100 ҳазор доллар маблағ доранд. Ин аз нишондоди миёнаи ҷаҳон 4 баробар бештар аст. Дар умум, беш аз 2,1 миллион нафар шаҳрванди Олмон миллионер мебошанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ