Си Сзинпин нерӯҳои мусаллаҳи Чинро ба чӣ коре омода мекунад?


Вақтҳои охир суханҳои Си Сзинпин, раисҷумҳури Чин дар бораи армияи ин кишвар зуд-зуд дар расонаҳои хабарӣ (ВАО) чоп мешаванд.
Роҳбари Чин имрӯз, 23 октябр дар як тадбири бошукӯҳ ба ифтихори 70-умин солгарди оғози иштироки дастаҳои ихтиёрии мардуми Чин дар Ҷанги Корея боз ба ин масъала муроҷиат кард.
Бино ба хабари ТАСС, Сзинпин гуфт, “Мо бояд навсозии (модернизация) мудофиаи миллӣ ва нерӯҳои мусаллаҳро зудтар анҷом диҳем. Бояд, нерӯҳои мусаллаҳи худро ба пешрафтатарин артиши ҷаҳон табдил диҳем. Бе артиши нерӯманд Ватани нерӯманд вуҷуд нахоҳад дошт”.
Ба гуфтаи Си Сзинпин, “Барои рушди сотсиализм дар Чин бояд қудрати низомӣ бештар тарғиб гардад.
Ёдовар мешавем, чанде пеш роҳбари Чин сарбозони кишварашро ба омодагӣ ба ҷанг дар оянда даъват карда буд.
Бояд гуфт, ки дар ҳоли ҳозир муносибатҳои Чин ва ИМА ба далели пандемия ва ҷазираи Тайван тезу тунд аст.
Доналд Трамп гуфтааст, ки дар сурати дубора интихоб шуданаш ба мақоми раисҷумҳурӣ бо Чин “корҳои зиёде хоҳад дошт”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ