Корвони китобҳо ба Самарқанд расид

Корвони китобҳое, ки Вазорати таълими халқ дар ҳамкорӣ бо нашриёти «Ӯзбекистон» ташкил карда буд, ба ҳамаи мактабҳои кишвар фиристода шуд.
Аз ҷумла, корвони иборат аз 97 номгӯи асарҳои нависандагон ва шоирони бузург, китобҳои нодири адабиёти ҷаҳонӣ, 17 671 китоб ва албомҳо дар бораи таърих ва фарҳанги Ӯзбекистон ба Самарқанд омад. Дар байни китобҳо «Ӯзбек тилининг изоҳли луғати» («Луғати эзоҳии забони ӯзбекӣ»), «Қизил китоб» («Китоби сурх») ва як қатор дигар нашрияҳои беназир мавҷуданд.
Имрӯз маросими ботантанаи супурдани китоб ба мактабҳои 8 ва 45-уми Самарқанд баргузор шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ