Дар вилоят хазинаи таъмини бехавфии маҳсулоти хӯрокворӣ ташкил мегардад

Дирӯз сессияи понздаҳуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд баргузор гардид. Онро раиси Шӯро, ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов сарварӣ кард.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи сессия ахбори раиси комиссияи вилоятии интихобот С. Нуриев дар бораи натиҷаҳои интихоботе, ки 4 – уми октябри соли 2020 ба ҷойҳои холишудаи депутатӣ дар Шӯрои вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо баргузор гардиданд, шунида шуд.
Маълум шуд, ки дар натиҷаи интихобот Фарҳод Назаров аз ҳавзаи интихоботии Митан‑24, Ёдгорбек Ҷӯраев аз ҳавзаи интихоботии Мирбозор‑65 ва Зафар Каримов аз ҳавзаи интихоботии Дӯстлик‑50 ба Шӯрои намояндагони халқи вилоят депутат интихоб шуданд.
Сипас, масъалаи таъмини бехавфии маҳсулоти хӯрокворӣ дар вилоят баррасӣ гардид.
Аз рӯи ин масъала ҳокими вилоят Э. Турдимов баромад кард. Қайд гардид, ки бо мақсади таъмини кафолатноки бозори дохилӣ бо маҳсулоти навъҳои асосӣ дар мавсими зимистону баҳори солҳои 2020–2021 қарор қабул карда, захира кардани 76 ҳазор тонна маҳсулот муайян гардид. То имрӯз захираи 21,6 ҳазор тонна маҳсулот ташкил карда шудааст.
Дар асоси қарори ҳокими вилоят бо мақсади молиягузории корҳои фароҳам овардани захираи маҳсулот ва моҳ ба моҳ ба бозор баровардани он дар назди ҳокимияти вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо хазинаи таъмини бехавфии маҳсулоти хӯрокворӣ ташкил карда шуд. Барои хариди маҳсулот ба ташкилотҳои захиракунандаи ҳудудӣ бонкҳо 10,3 миллиард сӯм кредит ҷудо карданд.
Ҳоло дар бозорҳои деҳқонии вилоятамон 20-то растаи иҷтимоӣ, ки барои фурӯши маҳсулоти арзонкардашуда пешбинӣ гардидаанд ташкил карда шуд, – гуфт Э. Турдимов. – Дар назди бозорҳо ва маҷмӯъҳои савдо фаъолияти 39-то корхонаи хариду фурӯшро ба роҳ монда, онҳо 5057 тонна маҳсулот захира мекунанд. Дар 38-то бозори деҳқонии марказӣ ва маҷмӯъҳои савдо камераҳои «онлайн» гузошта шуданд. Ҳоло дар мавзеъҳои Сартеппа, Қаросув ва шаҳраки Кимёгарон дар асоси лоиҳаҳои намунавӣ «Дӯконҳои сабз» ташкил мекунанд.
Дар ҳисобот оварда шудааст, ки то моҳи майи соли 2021 эҳтиёҷи аҳолии вилоят ба картошка 84 ҳазор тонна, гӯшт 73 ҳазор тонна, биринҷ 19 ҳазор тонна, орд 150 ҳазор тонна, шакар 21 ҳазор тонна, равғани растанӣ 18 ҳазор тонна ва тухм 403 миллион донаро ташкил мекунад.
Имсол дар вилоят 1 миллиону 654 ҳазор тонна сабзавот, 126 ҳазор тонна маҳсулоти полиз, 630 ҳазор тонна картошка ва 337 ҳазор тонна мева расонида мешавад. Аз ин ҳисоб эҳтиёҷ пурра қонеъ мегардад.
Дар вилоят 20-то корхонаи равғанбарорӣ қувваи дар шаш моҳ 76 924 тонна маҳсулот истеҳсол карданро дорад. Барои эҳтиёҷ аз хориҷа овардани 6,7 тонна (39 %) ва 0,9 тонна равғани маҳаллӣ (62 %) ба нақша гирифта шудааст.
Ҳоло дар вилоят 230-то амборе, ки дар онҳо 182 ҳазору 880 тонна маҳсулотро нигоҳ доштан мумкин аст, фаъолият доранд.
Дар сессия депутатҳо ҳисоботи ҷонишини ҳокими вилоят – сардори Садорати дастгирии маҳалла ва оила А. Умаровро дар бораи бар асоси рӯихати оилаҳои эҳтиёҷманд («Дафтари оҳанин») ба онҳо расондани ёрии манзилнок, сардори Сарсадорати вилоятии Бонки Марказӣ О. Тӯхтаев ва сардори Садорати андози давлатии вилоят А. Иноғомовро дар бораи чораҳои аз тарафи идораҳои бонк ва андоз, ташкилот ва идораҳои мутасаддӣ дар ҷойҳо гузарондани вохӯриҳо бо тадбиркорон, муҳокима кардани муаммоҳои мавҷудбуда, зиёд кардани самаранокии корҳои « миҷозбай» иҷрошаванда ва дар фаъолияти ҳаррӯзаи идораҳои андоз ҷорӣ кардани сохтори «корманди андоз – ёрирасони соҳибкор», ҳисоботи ҷонишини ҳокими вилоят Х. Очилов роҷеъ ба таъмини иҷрои қарори Сенати Олий Маҷлис аз 28-уми феврали соли 2020 «Дар бораи натиҷаҳои дархости парламентӣ роҷеъ ба масъалаҳои пурдолзарби аз ҷиҳати иҷтимоӣ ба ҷамъият мутобиқ шудани ҷавонони бе парастории волидон монда, дар хонаҳои «Меҳрубонӣ» тарбия гирифта» таҳти рақами ҚС‑48-IV ва ҳисоботи сардори Сарсадорати молияи вилоят Б. Мирзоев дар бораи ташаккули манбаъҳои иловагии даромадҳои буҷети маҳаллӣ ва зиёд кардани даромадҳои буҷети маҳаллӣ шунида шуданд.
Инчунин, дар сессия ҳисоботи ҳокими ноҳияи Оқдарё Н. Сулаймонов ва роҳбарони секторҳои ноҳия роҷеъ ба иҷрои барномаи ривоҷдиҳии иҷтимою иқтисордии ноҳия шунида шуд.
Депутатҳо ин масъаларо таҳлили танқидӣ карда, таъкид намуданд, ки дар Оқдарё аз имкониятҳои мавҷудбуда самаранок истифода набурдаанд.
Депутатҳо бо мақсади абадигардонии номи Ӯктам Барноев ав Аъзамхон Баҳромов, ки дар солҳои гуногун ба вилоят роҳбари кардаанд, ба ду кӯчаи шаҳри Самарқанд додани номи онҳоро пешниҳод карда, қарор карданд, ки дар ин бора ба комиссияи дахлдор муроҷиат мефиристанд.
Дар сессия ҳисоботи директори Ҷамъияти саҳҳомии «Корхонаи минтақавии шабакаҳои электри Самарқанд» У. Ҷӯраев дар бораи корҳое, ки барои дар мавсими тирамоҳу зимистон бо қувваи электр бе фосила таъмин кардани аҳолӣ иҷро карда мешаванд, шунида шуд. Аз роҳбар сабаби нисбати сари сол зиёд шудани қарздории дибиторӣ ва норасоиҳо дар сохтори баҳисобгирии қувваи электр ва назорати авоматикунонидашудаи он, саривақтӣ иҷро нагардидани барномаҳои муайяншуда, беэътиборӣ ба истифодаи ғайриқонунии қувваи электрро пурсиданд.
Дар сессия аъзои Сенати Олий Маҷлис Ф. Боқиев иштирок кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ