25-уми октябр – Рӯзи кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон

Ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар байни кормандони ин сохтор аз рӯйи намуди шоҳмот, шашка, мини-­футбол, тенниси рӯйимизӣ ва тирпарронии амалӣ мусобиқаҳо гузаронида шуданд. Дирӯз дар Садорати корҳои дохилии вилоят маросими мукофотонидани ғолибони мусобиқа баргузор гардид.
Ҷонишини сарвари Садорати корҳои дохилии вилоят Фахриддин Раҳматов дар бораи ислоҳот дар сохтори корҳои дохилӣ, шароитҳои кории кормандон, аҳамияти варзиш бобати мустаҳкамсозии саломатӣ ва масъалаҳои дигар ҳарф зад. Зикр гашт, ки дар байни ҷоизадорони мусобиқа бонувон низ қисми зиёдро ташкил мекунанд ва ин шоёни эътироф мебошад.
– Дар мусобиқае, ки ба муносибати иди касбии мо гузаронда шуд, аз рӯйи намуди тенниси рӯйимизӣ ҷойи аввалро соҳиб гардидам, – гуфт корманди хизмати таъминоти молиявии Садорати корҳои дохилии вилоят Дилдора Набиева. – Ин барои ман тӯҳфаи идона гардид. Барои ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ мунтазам бо варзиш машғул шудан аҳамияти муҳим дорад.
Ба ғолибон аз тарафи Садорати корҳои дохилӣ диплом ва тӯҳфаҳо супорида шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ