Туризми бехатар: муаммои зиёда аз 7000 сайёҳ ҳалли худро ёфт

Ҳифзи тинҷиву осоиштагии кишвар, фароҳам овардани шароитҳои мусоид баҳри мардум, таъмини барқарорӣ аз мақсадҳои асосии давлат ба шумор меравад. Дар ин самт саҳми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ назаррас аст. Ҳоло сохтори мақомоти корҳои дохилии мамлакат мутобиқи талабҳои замон такмил ёфта, кормандони соҳа вазифаҳои хешро фидокорона ба анҷом мерасонанд.
Бояд гуфт, ки таҳти сарварии Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев барои афзунсозии самаранокии фаъолияти сохтори корҳои дохилӣ, ба зинаи нав баровардани чорабиниҳои ин самт корҳои зиёд иҷро мешаванд. Хизматҳои профилактикӣ, ҷустуҷӯи фаврӣ, тафтишот, бехатарии ҳаракати роҳ, посбонӣ, хизматҳои пост-­патрул, отрядҳои сафарбаркунанда, ки супоришҳои махсусро иҷро мекунанд аз нав ташкил карда шуданд.
Пойгоҳи моддӣ-­техникии мақомоти корҳои дохилӣ мустаҳкам гардид. Кормандони соҳа бо воситаҳои алоқа, техника ва таҷҳизоти замонавии ахборӣ-­коммуникатсионӣ таъмин карда шуданд.
Бо ҷалб кардани ҷавонони аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ баркамол, ба Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Донишкадаи ҳарбӣ-­техникӣ, Донишкадаи бехатарии сӯхтор ҷавонони баркамол қабул мегарданд ва онҳо дар асоси стандартҳои муосири таълимӣ илм меомӯзанд.
Ҳамкории байни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва идораҳои худидоракунандаи аҳолӣ боз ҳам мустаҳкамтар мешавад.
Тӯли солҳои охир на танҳо маҳорати касбии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ беҳтар шуд, балки ба масъалаи афзунсозии донишҳои маънавӣ-­маърифатӣ, сиёсӣ-­иҷтимоӣ ва ҳуқуқии онҳо, инчунин, дастгирии иҷтимоии кормандони соҳа эътибори алоҳида дода мешавад, ки ин барои афзудани кадрҳои ботаҷриба мусоидат ва дастовардҳоро дар соҳа зиёд мекунад.
Яке аз навгониҳои соҳа дар асоси қарори Девони Вазирон аз 23-юми ноябри соли 2017 «Дар бораи чораву тадбирҳои таъмини туризми бехатар дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Хива ва Шаҳрисабз» дар вилояти Самарқанд ташкил гардидани Садорати таъмини туризми бехатари Садорати корҳои дохилии вилояти Самарқанд мебошад.
Ҳоло дар ин садорат 45 нафар корманд фаъолият доранд.
Бояд гуфт, ки тӯли нӯҳ моҳи сипаришудаи соли ҷорӣ ба вилояти Самарқанд аз 108 кишвари хориҷӣ ҷамъ 14559 нафар сайёҳон омаданд.
Аз тарафи кормандони Садорати таъмини туризми бехатар дар ин муддат 13 ҳайати намояндагони 8 кишвари хориҷӣ пешвоз гирифта шуд ва корҳои таъмини бехавфӣ ва назоратӣ ташкил гардида, ташриф дар сатҳи олӣ, бе ягон воқеаю ҳодисаи нохуш ба анҷом расид.
Дар ин даври ҳисоботӣ ба кормандони Садорати таъмини туризми бехатари вилоят 3625 нафар сайёҳони хориҷӣ аз рӯйи масъалаҳои ёрии тиббӣ (1 нафар), нишон додани манзил (3470 нафар) ва дигар масъалаҳо (154 нафар) муроҷиат карданд.
Дар моҳҳои январ-­сентябри соли ҷорӣ ба вилояти Самарқанд 165 ҳазору 200 нафар сайёҳони маҳаллӣ ташриф фармуда, аз тарафи кормандони Садорати таъмини туризми бехатари вилоят ба 3921 нафар сайёҳони маҳаллӣ ёрии амалӣ расонида шудааст.
Ғайр аз ин, дар нӯҳ моҳ Садорати таъмини туризми бехатари Садорати корҳои дохилии вилояти Самарқанд дар самтҳои гуногун 1988 маротиба тадбирҳои профилактикӣ гузаронд.
Бояд гуфт, ки фаъолияти босамари Садорати таъмини туризми бехатар дар навбати худ барои афзунсозии шумораи сайёҳон, фароҳам овардани шароитҳои бехатар ва мусоид барои онҳо хизмат мекунад.

Хизмати матбуоти Садорати корҳои дохилии вилояти Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ