Забони модарӣ – рӯҳи миллат

Дар ҷаҳон халқеро ёфтан мушкил аст, ки забони модарии худро бузург надорад, барои шаъну обрӯйи он мубориза набарад. Дар забон роҳи дар давоми асрҳо тайнамудаи ҳар як халқ, таърих, арзишҳои миллӣ, урфу одат, маданияту санъат ва маънавияти он ифода меёбад. Аз ин боис, онро мисли гавҳари бебаҳо, ҳифз мекунанд, агар мавридаш ояд синаи худро барояш сипар менамоянд. Бо ташаббуси Шӯъбаи вилоятии Садорати Хазинаи хайрияи ҷамоатии «Маҳалла» ва ҳамкории Шӯрои вилоятии Ҳизби демократии «Эҳёи миллӣ»-и Ӯзбекистон, Донишгоҳи давлатии Самарқанд рӯзи 21-уми октябри соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи забони ӯзбекӣ дар мавзӯи «Забони модарӣ – рӯҳи миллат» тадбир баргузор гардид.
Тадбирро раиси Шӯъбаи вилоятии Садорати Хазинаи хайрияи ҷамоатии «Маҳалла» А. Аҳтамов ифтитоҳ намуда, аз қадамҳои муҳими замони истиқлолияти кишвар будани мақоми давлатӣ гирифтани забони ӯзбекиро таъкид намуд. Дар тадбир вакилон аз Донишгоҳи давлатии Самарқанд ва намояндагони дигар ташкилотҳо низ маърӯза намуда, қайд карданд, ки аз ҷониби олимону мутахассисони фан дар ин ҷода корҳои назаррас амалӣ мешаванд.

Хизмати матбуоти Шӯъбаи вилоятии Садорати
Хазинаи хайрияи ҷамоатии «Маҳалла»

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ