Забонам – ифтихорам

Ба муносибати Рӯзи иди забони ӯзбекӣ дар мактаби таълими умумии рақами 34-уми ноҳияи Самарқанд тадбири идона баргузор гардид, ки онро муаллимаи фанни забон ва адабиёти ӯзбек Насиба Собирова ташкил намуд.
Дар он хонандагону омӯзгорон, инчунин фаъолони маҳаллаи Чоршанбе, аз ҷумла раиси маҳаллаи мазкур Алишер Ғафуров, раиси кумитаи занону духтарон Нодира Вафоева иштирок намуданд. Дар тадбир хонандагони мактаб бо қироати шеърҳо ва иҷрои рақсу сурудҳои ҷолиб табъи ҳозиронро хушнуд гардониданд.
Дар охири тадбир раиси маҳалла А. Ғафуров барои ғолиб омаданашон дар мусобиқаи байни духтарон хонандаи синфи 8 «А» Малика Бозороваро бо дипломи дараҷаи 1, хонандаи синфи 10 «Б» Меҳрубон Нӯъмоноваро бо сертификат, хатмкунандаи мактаб Сабина Алимҷоноваро барои ғолибият дар шеърхонии мусобиқаи «Зулфияхоним» бо ифтихорнома сарфароз гардонид. Инчунин, муаллимаи фанни забон ва адабиёти ӯзбек Насиба Собирова барои фаъолияташ дар миқёси мактаб, маҳалла ва ноҳия бо ифтихорнома мукофотонида шуд.

Сурайё НОРМАТОВА, директори мактаби таълими умумии рақами 34-уми ноҳияи Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ