Қоидаҳои оғози фаъолияти кӯдакистонҳо чӣ хел аст?

Дар ҷумҳурияти мо ба нарм шудани маҳдудиятҳои карантин фаъолияти таълимгоҳҳо зина ба зина аз нав барқарор мешаванд. Аз ҷумла, дар ташкилотҳои таълими томактабӣ низ.
Қоидаҳо ва тартиботи аз нав кушодани онҳо чӣ гуна аст?
Тамоми ҷараёни қабули бачаҳо ба кӯдакистон то гусели онҳо ба назорат гирифта шудааст. Ҳангоми даромадан ба бино ҳарорати онҳоро санҷида, дасташонро бо воситаҳои антисептикӣ тоза мекунанд. Ҳарорати бачаҳоро дар як рӯз камаш ду маротиба бояд санҷид. Пеш аз хӯрокхӯрӣ ва баъди аз ҳоҷатхона баромадан, пас аз бозӣ ва сайр дастҳоро мешӯянд. Ба калону хурдии хонаҳои кӯдакистон нигоҳ карда, шумораи бачаҳои гурӯҳ муайян мешаванд. Ҳангоми машғулот ба масофаи иҷтимоӣ риоя карда, асбобҳои таълимиро дар қутичаҳои алоҳида (контейнерҳо) андохта мемонанд. Дар боғчаҳо барои пагоҳӣ ҳангоми қабул гирди ҳам наомадани падару модарон ҷадвали омаду рафти гурӯҳҳо сохта мешавад. Дар давоми машғулот зуд-­зуд ҳавои хонаҳоро иваз карда, хонаҳо рӯзе ду маротиба бо маҳлули хлор тоза карда мешаванд. Ҳоло гурӯҳи бачаҳои синнашон калони кӯдакис­тонҳо кушода шудааст. Гурӯҳҳои бачаҳои миёнсол (4–5 сола) дар моҳи октябр, хурдсолон (3 сола) дар моҳи ноябр фаъолияти худро оғоз хоҳанд кард.
Дар назди волидон низ талаботи санитариву гигиенӣ гузошта шудааст. Падару модарон ҳангоми ба кӯдакистон овардани фарзанди худ ҳамроҳи онҳо набояд бозичаҳои гуногун ва хӯрокворӣ биёранд.
Дар даври пандемия бемор нашуда, таълиму тарбия гирифтани фарзандон ба ҳамкории кормандони кӯдакистону волидон вобаста аст. Мувофиқи тартиби муайяншуда ба бинои кӯдакистон даромадани падару модарон манъ карда шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ