Тарбияи фарзанд мушкилиҳо дорад

Замон босуръат ривоҷ меёбад. Баробари рушди ҷомеа, мафкураи ҷавонон, нигоҳ ва муносибати онҳо ба воқеаю ҳодисаҳои атроф низ дигар мешавад. Дар чунин шароит мо ба тарбияи фарзандон бояд чӣ хел эътибор диҳем? Чӣ гуна корҳоро ба анҷом расонем? Оё бо чӣ кор машғул будани дилбандонамро медонем? Онҳо вақти холии худро чӣ хел мегузаронанд?
Мутаассифона, аксари падару модарон дар ин маврид ҳатто фикр намекунанд. На танҳо дар бораи машғулиятҳои дӯстдоштаи фарзанди худ, балки оиди дӯсту ҳамсинф, ҳамрозу ҳамроҳи фарзанди худ низ маълумоте надоранд.
Қисми зиёди волидон тарбияи фарзандро кори начандон душвор меҳисобанд. Аммо тарбия кори сангин аст ва мушкилиҳои зиёд дорад. Мебинем ва мешунавем, ки баъзе волидон дастовардҳои дигар ҷавононро аз даҳони мардум шунида, пеши фарзандони хеш онҳоро таърифу тавсиф мекунанд. Чун намунаи ибрат эътироф менамоянд. Ноӯҳдабаро, танбал ва коргурез будани фарзанди худро маломат мекунанд. Ба онҳо таъна мезананд. Андеша намекунанд, ки шояд хато аз онҳо гузаштааст. Ба худ савол намедиҳанд, ки чаро чунин шуд? Ман барои таълиму тарбияи фарзандам чӣ кор кардам? Кай ба дилбанди худ аз дил, самимона сӯҳбат оростам? Барои таҳсили ӯ чӣ гуна шароит фароҳам овардам?
Гоҳо чунин мешавад, ки волидон аз комёбиҳои фарзанди худ бехабар мемонанд. Ба дастоварду муваффақиятҳои ҷигарбанди хеш бефарқ ҳастанд. Дида ба нодидаву шунида ба ношунида мегиранд.
Набояд фаромӯш кард, ки гоҳо як сухан ё як шахси наздикамон пайроҳаи умри фарзандро ба як умр тағйир медиҳад. Ё ба роҳи дуруст рафта, ба амалҳои хайру нек даст мезанад, ё ки роҳи бадро интихоб намуда, боиси шармсорӣ ва сархамии волидон мегардад.
Бинобар ин, ҳар як падару модар аввал хуб андешида, ба мақоли мардумии «ҳафт бор чен куну як бор бур» амал карда, сухане гӯянд, нуран аъло нур мегардид. Зеро наврасон дили ҳассосу нозук доранд ва андак муносибати дағалонаву гуфтори ношоиста ҳам, онҳоро рӯҳафтодаву дилмонда хоҳад кард.

Хушбахт БОБЕКОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ