«Сарлашкари Ғалаба» чӣ гуна ба шоҳ хизмат кард?

Вай метавонист дар мактаби прапоршикҳо таълим гирад. (Ҳамон вақтҳо он унвони афсарӣ (офитсерӣ) буд). Вале вай чунин мешуморид, ки ба ҷавони 19-сола ба аскарони аз худаш калони гармиву сардиро аз сар гузаронида фармон додан номуносиб аст. Агар вай ба прапоршик шудан аҳд мекард, инқилобро чӣ хел аз сар мегузаронд? Шояд охири умри худро дар мусофират ба охир мерасонд ва СССР чунин маршали бузурге намедошт.
Солҳои ҳаёти Георгий Жуков, ки дар борааш маълумот ниҳоят кам аст:
Баъди як соли шурӯи ҷанги якуми ҷаҳонӣ 20-уми августи соли 1915 дар шаҳри Малоярославски губернияи Калужский Георгий Жуковро ба хизмати ҳарбӣ даъват карда буданд. Мо аз ин даври зиндагиномаи ин сарлашкари машҳур чӣ медонем? Мутаассифона бисёр кам.
Драгуни аълоҳазрат
Танҳо аз се манбаъ дар бораи ҳаёти маршал маълумот гирифтан мумкин: Ёддоштҳои Жуков «Хотираҳо ва мулоҳизаҳо» (нашри пурраи он ба соли 1990 таъаллуқ дорад», мусоҳибае, ки вай ба соли 1966 Константин Симонов додааст ва тарҷумаи ҳоле, ки соли 1931 тартиб дода шудааст. Аз ин манбаъҳо ба мо чунин манзара аён мегардад: Дар синни 19 солагии маршали оянда, ки касби асосиаш пӯстиндӯзӣ буд, Ҷанги якуми ҷаҳонӣ оғоз мешавад.
«Ман барои иҷро кардани вазифа тамоми корро анҷом додам».
Дар китоби «Хотираҳо ва мулоҳизаҳо» Жуков менависад:
«Маро ба сафи аскарони савора қабул карданд. Дар сафи аскарони савора хизмат кардани худро шунида, хеле хушҳол шудам. Ман ҳамеша ба ин навъи сипоҳ ба шавқи зиёд менигаристам. Ҳамаи дӯстони ман ба сафи аскарони пиёдагард қабул шудаанд ва аксарияти онҳо ба ман ҳасад мекарданд.»
Сентябри соли 1915 Жуков дар Украина ба сафи аскарони полки захиравии савора (кавалерӣ)-и 5-ум пайваст шуд. Он дар шаҳри Балаклеи Харков ҷойгир буд. Ӯро ба сафи аскарони савора (драгунҳо) қабул карданд, агарчанде вай бисёр мехост, ки дар сафи аскарони махсуси савора (гусарҳо) бошад, зеро либосҳои идона (парад)-и онҳо зеботар буд. Дуруст аст, ки маршали ояндаро фаҳмонданд, ки дар фронт ҳарду навъи лашкар либосҳои якхела мепӯшанд.
Соли 1923 аз сафи сипоҳи захиравӣ Жуковро интихоб намуда, барои унтер-­офитсер шудан пешниҳод карданд. Дар ин бора дар «Ёддоштҳо»-и худ чунин навиштааст: « Аз дохили мо 30 аскари беҳтаринро барои унтер – офитсерӣ интихоб карданд. Дар байни онҳо номи ман низ буд. Ман рафтан намехостам, аммо командири взводе, ки ман ӯро барои дониш, бовиҷдонӣ ва муҳаббати ӯ нисбати аскарон ҳурмат мекардам, маро розӣ кунонд. Ӯ ба ман гуфт:
– Эй ошно, ту боз ба фронт меоӣ, ҳозир беҳтараш кори ҳарбиро жарфтар омӯз. Вай барои ту дар оянда ба кор меояд. Ман бовар дорам, ки ту унтер-­офитсери хуб мешавӣ.
Ман барои маслиҳат ба вай миннатдорӣ баён намуда, ба хондан розигӣ додам. Мо ба шаҳри Изюми губернияи Харков омадем. Аз қисмҳои ҳарбии гуногун наздик ба 240 одам дар як ҷой ҷамъ шудем».
Маршал Жуков соли навро чӣ гуна пешвоз гирифт?
Чуноне ки сипас маълум мешавад ин ҳолат баъдан дар ҳаёти ӯ роли муҳим бозидааст. Дар солҳои 60-уми асри гузашта аз мусоҳиба ба Константин Симонов бо қаҳру ғазаб мегӯяд:
Ман метавонистам ба мактаби прапоршикон дохил шавам… Аммо фикр кардам: ана мактабро хатм карда прапоршик шудам. Мани бачаи 19 сола аскарони калонсоли ришсафедро фармон доданам, бароям кори ҳиҷолатӣ буд. Худо медонад, агар ман аскар нею, офитсер шуда мебаромадам чӣ мешуд, боз ҳамон вақт инқилоб шиддат мегирифт. Шояд ҳаёти худро дар муҳоҷирӣ сипарӣ мекардам.
Ба фарқ аз замони ҳозира дар армияи Империяи Рус рутбаи прапоршик низ офитсерӣ буд. Прапоршик ҳуқуқи ба взвод фармон доданро дошт.
Дар ҳолати анҷоми ҷанги якуми ҷаҳон зиёда аз ними офитсерони армияи рус на дворянинҳо, балки деҳқонон, косибон ва ғайридворянинҳо буданд. Агар Жуков аз паи ба даст овардани рутбаи офитсерӣ мешуд, шояд мо «Маршали Ғалаба Жуков» – ро зинда намедидем. Аммо ӯ рутбаи унтер-­офитсерро интихоб кард ва ба ин дараҷа расид.
Ду «Георгий»
Баъди таҳсили унтер-­офитсерӣ дар охири соли 1916 Георгий ба фронти Ҷанубию Ғарбӣ, ба ҳайати аскарони 10-уми савораи полки драгунии Новгород пайваст мегардад. Жукови ҷавон дар ҷангҳо ҷасурона иштирок мекунад. Сентябри ҳамон сол барои дастгир кардани офитсери олмонӣ вай ба унвони салиби Георгиии дараҷаи IV сазовор мегардад. Дар бораи ин қаҳрамонии Жуков то ҳол дар архивҳо ягон маълумот дарёфт нашудааст. Худи Жуков низ дар ёддоштҳояш дар ин бора нанавиштааст ва дар мусоҳибааш низ нагуфтааст.
Дар тарҷумаи ҳоле, ки вай соли 1931 ҳангоми дохил шудан ба Инспексияи хизмати кавалерӣ РККА (Армияи сурхи крестянии Россия) навишта буд, асосан дар бораи баромади иҷтимоӣ худ маълумот додааст.
Октябри соли 1916 Георгий Константинович аз мина ярадор шуд. Барои ҷароҳати бардоштагияш дар ҷанг, ӯ бори дигар ба салиби Георгии дараҷаи III сазовор шуд. Худи ӯ дар ин бора дар ёддоштҳояш чунин менигорад:
«Октябри соли 1916 бахт ба рӯӣ мо нахандид. Ман ҳамроҳи дӯстонам дар разведка аз мина захм бардоштем. Дутои мо ҷароҳати бисёр вазнин гирифтанд. Ман баъди як рӯзи таркиш дар госпитал ба худ омадам. Аз сабаби лати вазнин хӯрданам маро ба Харков тахлия (эвакуатсия) карданд.» Боз дар ин бора низ маълумоти пуррае дастрас нест. Умуман Жуков дар бораи қаҳрамонию корнамоиҳои худ дар манбаъҳои гуногун бениҳоят кам сухан гуфтааст. Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки Маршал Жуков бисёр шахси хоксор буд, алалхусус дар айни ҷавониаш!

Тарҷимаи Озод ҲОДИЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ