Олимони Япония як пайомади дигари коронавирусро кашф карданд


Олимони Маркази миллии тандурустии ҷаҳонӣ ва тибби миллии Япония боз як пайомади нохуши коронавирусро кашф карданд, ки он рехтани мӯй аст.
Мутахассисон бо иштироки нафароне, ки дар моҳҳои феврал-июни соли равон бемории COVID-19-ро паси сар карданд, як назарпурсиро анҷом додад. Бино ба натиҷаҳои назарпурсӣ, 11 дарсади беморон баъди 4 моҳи шифоёбӣ дучори нафасгирӣ гардиданд. 10 дарсад баъди ин муддат дучори парешонӣ ва нафаҳмидани бӯй шуданд. 6 дарсад аз сурфа ва 2 дарсад аз муаммои нафаҳмидани таъм шикоят карданд.
Баъди ду моҳ мутахассисон дубора онҳор омӯхтанд. Натиҷаҳо нишон дод, ки ҳар чаҳорум бемори собиқ акнун бо муаммои рехтани мӯй дучор шудаанд.
Синитиро Мориока, яке аз мутахассисон гуфт, ки эҳтимолан афсурдагӣ баъди муолиҷаи тӯлонии коронавирус боиси рехтани мӯй шудааст.
Олимони Ҳиндустон низ дар тобистон чунин пажӯҳишро анҷом доданд. Дар назарпурсии онҳо 423 нафар аз 1567 бемори ковид-19 аз рехтани мӯй шикоят карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ