Музди меҳнати муаллимон то 15 маротиба зиёдтар карда мешавад

Дар айни замон, AOКA оид ба лоиҳаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба такмили минбаъдаи системаи таълим дар кишвар, рушди илм нишасти матбуотӣ баргузор менамояд.
Тибқи гуфтаи вазири таълими халқ Шерзод Шерматов, ки дар конфронс ширкат дорад, ҳаққи роҳбарии синф 1,5 баробар зиёд карда мешавад. Музди мехнати методистон ба ставкаи асосии муаллими категорияи олӣ баробар аст.
Роҳбарони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумие, ки сатҳи фарогирии хатмкунандагон баланд аст, ҳавасманд карда мешаванд. Ғайр аз ин, ба муаллимони ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии илмӣ категорияи олии тахассусӣ дода мешавад.

Вазир қайд кард, ки то соли 2024 музди моҳонаи омӯзгорони баландихтисос тадриҷан то 15 маротиба зиёдтар карда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ