Полша “аборт”-ро манъ кард, ҳатто ҳомила нуқсони ҷиддӣ дошта бошад


Додгоҳи (суд) Полша исқоти ҳомиларо манъ кард, ҳатто он нуқсони ҷиддӣ дошта бошад.
Бино ба хабари Associated Press, аз 13 нафар додрас (судя) танҳо ду нафар ба ин қарор зид буданд.
Қонуни Полша аз соли 1993 ба исқоти ҳомила дар сурати нуқсони ҷиддӣ доштани он иҷозат медод. Аммо додгоҳ ин қонунро ба сарқонун зид эътироф кард.
Баъди қарори додгоҳ садҳо нафар бо вуҷуди маҳдудиятҳои карантин дар назди бинои ҳизби “Ҳуқуқ ва адолат” намоиш баргузор карданд. Намояндагони ҳизб таъкид карданд, ки барои пуштибонии бонувон қонуни нав таҳия мекунанд.
Соли гузашта дар Полша тақрибан 1 000 ҳолати исқоти ҳомила сабт шуда, 98 дарсади он ба далели нуқсони ҳомила анҷом ёфтааст. Гуфта мешавад, ки ҳамасола аз 80 ҳазор то 120 ҳазор зан аз Полша кӯшиш мекунанд, то барои халос шудан аз ҳомила ба кишварҳои хориҷӣ раванд.
Фаъолону намояндагони ҳуқуқи башар таъкид мекунанд, ки ин маҳдудият боис мешавад, ки дар кишвар “аборти ноқонунӣ” афзоиш ёбад ва дар натиҷаи ҳазорон зан қурбони он гарданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ