“Терминатор”-ро ҷарроҳӣ карданд


Дили Арнолд Шварсенеггер, ҳунарпешаи машҳури ҷаҳонро ҷарроҳӣ карданд. Шифокорон ба ӯ даричаи (клапан) нави аорта гузоштанд. Даричаи нави аорта фаъолияти муқаррарии дили ӯро таъмин мекунад.
Ҷарроҳии Арнолд Шварсенеггер хуб гузашт. Ҳунарпеша ба шифокорон сипосгузорӣ кард ва аксеро аз лаҳзаҳои тарки шифохона дар Твиттер гузошт.
Ба гуфтаи “Терминатор”, ӯ ҳоло худро хеле хуб ҳис мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ