Трамп пеш аз муддат дар интихоботи раисҷумҳурӣ овоз дод. Аммо ба кӣ?


Доналд Трамп дар шаҳри Палм-Бичи иёлати Флорида пеш аз муддат дар интихоботи раисҷумҳурӣ овоз дод.
Ӯ гуфт, “Ман ба марде ба номи Трамп овоз додам. Ин нисбат ба фиристодани бюлетен тавассути почта усули бехатари овоз додан аст. Ҳамааш хуб, бар асоси қоида”.
Трамп да интихоботи соли 2016 дар Ню-Йорк овоз дода буд. Аммо имсол ба далели иваз кардани маҳалли истиқомати худ дар Флорида ин корро анҷом дод.
Бино ба хабари United States Elections Project, то ҳол тақрибан 50 миллион амрикоӣ пеш аз муддат дар интихоботи раисҷумҳурӣ иштирок кардаанд.
Ёдовар мешавем, интихоботи раисҷумҳурии ИМА рӯзи 3 ноябр баргузор мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ