Раиси ширкати Samsung вафот кард


Ли Гон Хи, раиси ширкати Samsung дар синни 78-солагӣ дар Сеул даргузашт. Дар ин бора Reuters хабар дод.
Ҳанӯз сабаби марги ӯ маълум нест. Фақат маълум аст, ки ӯро ба иллати бемории роҳи нафар ҷарроҳт карда буданд. Ӯ дар ин муддат аз бемории роҳи нафас ранҷ мекашид. Ҳамчунин, 6 сол пеш ӯ дучори сакта шуда буд. Ли Чжэ Ен, писари Ли Гон Хи дар амал корҳои ӯро анҷом медод.
Ёдовар мешавем, ки Interbrand Google чанде пеш феҳисти қиматтарин брендҳои ҷаҳонро мунташир кард. Samsung дар ин феҳрист шомили даҳгонаи аввал шуд.
\

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ