Анвар Носиров мудири Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ шуд


Бо дастури раисҷумҳури Ӯзбекистон Анвар Носиров мудири нави Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ шуд. Дар ин бора канали телеграмии “Ҳуқуқий ахборот” хабар дод.
Ӯ пеш аз ин мудири шӯъбае аз дастгоҳи раисҷумҳури Ӯзбекистон буд. Ҳамчунин, Носиров дар вазорати корҳои хориҷӣ фаъолият кардааст. Як муддат ӯ муовини вазири корҳои хориҷӣ буд. Илова бар ин, Анвар Носиров намояндаи доимии Ӯзбекистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ва муовини саркотиби ин созмон низ буд.
Ёдовар мешавем, пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ моҳи августи соли 2020 бар асоси қарори раисҷумҳури Ӯзбекистон таъсис ёфт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ