Шерзод Шерматов дар бораи вазъи бади синфхонаҳо, ки аксҳояшон дар интернет паҳн шудааст, изҳори назар кард

Қаблан дар шабакаи иҷтимоӣ тасвири вазъи филиали мактаб дар Чироқчӣ паҳн шуда, мавриди тамошои васеъи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифтанд.
Вазири таълими халқ Шерзод Шерматов масъалаи филиали мактабҳо дар Чироқчӣ ва биноҳои ба ин монандро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси васеъ ба вуҷуд овардааст, шарҳ дод.
Вазир гуфт, ки дар Ӯзбекистон 1170 филиали мактаб мавҷуд аст, ки 300-тои онро аҳолӣ сохта, ба кор мебаранд. Вай гуфт, ки масъалаи бастани ин биноҳо ё илова кардани онҳо ба мактабҳо ё сохтани мактабҳои нав дар ин минтақа масъулияти мақомоти маҳаллӣ аст.
“То ба ҳол ба мактабҳо инвеститсия (сармоягузорӣ) нашудааст. Дар ду соли охир сармоягузорӣ ба мактаб тағир ёфт. Пеш аз он, сармоягузорӣ асосан ба коллеҷҳо ва литсейҳо гузошта мешуд.
Мо бояд иқрор шавем, ки вазъи молиявии аҳолӣ ва иқтисодиёти мо он қадар хуб нест.
Яке аз масъалаҳое, ки ҳам дар Чироқчӣ ва ҳам дар ҷойҳои дигар баҳси зиёдеро ба вуҷуд меорад, филиалҳо мебошанд. Филиал чист? Аҳолӣ ба он ҷо кӯчидааст, аммо аксарият ҳатто кадастр надоранд. Онҳо биноро ҳамчун филиали мактаб, ки бо роҳи ҳашар сохта буд, боз кардаанд. Чунки мактаби ибтидоӣ хеле дур аст. Дар деҳот барои рафтан ба мактаб дар минтақаҳои кӯҳистон нақлиёт нест. Барои ҳамин ҳолати он мактабҳо дар ҳолати даҳшатбор қарор дорад. Зеро онҳо биноҳое ҳастанд, ки сари дастӣ аз похса сохта шудаанд. Инҳо мактабҳои бо барномаи давлатӣ сохташуда нестанд.
Ба ин сабаби объективӣ бисёр аст. Дар муқоиса бо давраи пасошӯравӣ, Ӯзбекистон кишваре буд, ки то ба ҳол афзоиши аз ҳама зиёди аҳолиро ташкил медиҳад. Нисбат ба соли 1990 шумораи аҳолӣ 16 миллион нафар зиёд шудааст. Дар ҷойи дуввум Тоҷикистон ба 4 миллион аҳолӣ афзудааст. Дар Русия шумораи аҳолӣ коҳиш ёфтааст.
Қисми асосии 16 миллион нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд. Мо бояд барои онҳо бештар мактабҳо, клиникаҳо ва дигар иншооти нав созем. Он чизе ки ин қадар солҳо иҷро нашудааст, дар ду сол наметавонад анҷом ёбад.
Дар кишвар 1170 чунин филиал мавҷуд аст. Дар онҳо танҳо 1 фоизи тамоми хонандагон таҳсил мекунанд. Филиалҳо хурд буда, аз як ҳуҷраи ягона иборатанд. Хонандагони синфҳои 1, 2, 3 низ дар як утоқ таҳсил мекунанд. Агар шумо биравед, шоҳиди ҳолатҳои ҷолиб мегардед.
Дуюм, аз он 1170 филиал, тақрибан 300 филиал дастӣ сохта шудааст. Худи аҳолӣ сохтааст. «Ба мактаб биё» гӯед, ҷой хеле дур аст. Баъзе мактабҳое, ки барои ду-се деҳа аст, хонандагонаш: «Ман ба он деҳа намеравам», — мегӯянд
Муносибати ҳамаҷониба лозим аст. Умуман, дар он деҳаҳо оби хӯрокӣ ва ё роҳ ҳам мавҷуд нест. Дар ин бора вазифаҳо гузошта шудааст. Яъне, барои рушд кардани минтақае, он бояд «генплан» дошта бошад. Дар ин замина, бояд хонаҳо сохта шаванд ва пас бояд инфрасохтори иҷтимоӣ вуҷуд дошта бошад.
Агар аҳолӣ худсарона ба мобайни саҳро ё кӯҳ ҳаракат карда, дар он ҷо зиндагӣ кунад, пас чунин ҳолат рух медиҳад. Ҳам кӯдакистон ва ҳам мактаб дар ҳолати бад қарор меёбад.
Президент оид ба чунин филиалҳои фарсуда вазифаҳо гузоштааст. Ҳамаи он мактабҳо бояд ё таъмир карда шаванд, ё баста шаванду ба мактаби асосӣ гузаранд, ё агар аҳолӣ афзоиш ёбад, дар он ҷо бояд мактаби нав сохта шавад», — гуфт Шерзод Шерматов.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ