Дар саросари Белорус корпартоии умумӣ оғоз шуд


Дар саросари Белорус мардум корпартоиро оғоз карданд. Донишҷӯён низ ба эътирозгарон ҳамроҳ шуданд. Дар ин бора “Украинская правда” хабар медиҳад.
Баъди ба поён расидани муҳлати додаи Светлана Тихановская ба ҳукумати Белорус, ӯ чунин хитоб кард, “Муҳлати иҷрои талабҳои “Ултиматуми халқӣ” ба поён расид. Имрӯз корпартоии халқӣ оғоз мешавад, ки он қадами навбатии белорусҳо ба сӯи озодӣ, қатъӣ зӯроварӣ ва интихобот нав аст”.
Коргарони корхонаву ширкатҳо, кормандони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, омӯзгорон корпартоиро оғоз карданд. Донишҷӯён низ ба таҳсил намераванд ва дар кӯчаҳо ба эътирозгарон
Дар ширкатҳои бузурги Белорус – “Азот”, “Химволокно”, МЗКТ коргарон имрӯз кор намекунанд.
Кормандони пулис низ эътирозгаронро боздошт мекунад. Ҳанӯз шумори боздоштшудагон дақиқ нест.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ