Тақрибан 60 дарсади кормандони будҷаӣ камтар аз 2 миллион сӯм музд мегиранд


Кумитаи давлатии омори (статистика) Ӯзбекистон дар бораи ҳаҷми музди моҳонаи кормандони будҷаии кишвар хабар дод.
Бино бар ҳолати моҳи сентябр, 59 дарсади кормандони будҷаӣ аз 1,3 миллион то 2 миллион сӯм музд мегиранд.
Ба 0,6 дарсади кормандони будҷаӣ камтар аз миқдори ҳадди ақал (679,330 сӯм) музд пардохт карда мешавад.
Гуфта мешавад, ки дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ музди кормандони будҷаӣ нисбат ба ҳамин даври соли 2019 хеле коҳиш ёфтааст. Аммо ҳаҷми музд дар соҳаи фаъолияти иқтисодии будҷаӣ дар ин давр зиёд шудааст.
Аз ҷумла, музди кормандони соҳаи молия ва суғурта 31,8 дарсад, соҳаи ҳифзи тандурустӣ ва хидматрасониҳои иҷтимоӣ 20,0 дарсад, соҳаи ҳамлу нақл ва нигоҳдорӣ 17,2 дарсад, соҳаи сохтусоз 16,3 дарсад, соҳаи тиҷорат 11,5 дарсад, соҳаи таълим 10,8 дарсад, соҳаи саноат 10,7 дарсад афзоиш ёфтааст.
Музди соҳаи таълим ба ҳисоби миёна 1,9 миллион сӯм аст. Кормандони соҳа дар шаҳру вилояти Тошканд ва вилояти Сирдарё нисбат ба кормандони дигар вилоят ба ҳисоби миёна бештар музд мегиранд. Баръакс, Қашқадарё, Фарғона, Хоразм, Сурхондарё ва Самарқанд музди кормандон ба ҳисоби миёна камтар аз музди кормандони дигар вилоятҳо аст.
Дар умум, кормандони будҷаии вилояти Бухоро, ҷумҳурии Қорақалпоқистон ва шаҳри Тошканд ба ҳисоби миёна нисбат ба кормандони будҷаии дигар минтақаҳо музди калонтар мегиранд. Дар вилоятҳои Қашқадарё, Фарғона, Самарқанд ва Тошканд вазъият баръакс мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ