Антонио Гутерриш: аз сабаби пандемия тақрибан 500 миллион ҷойҳои корӣ ихтисор шуданд

Ҷиҳати рафъи буҳрони вобаста ба пандемияи COVID-19 зарур аст, ки ба ҳолатҳои фавқулода тайёрии беҳтар дида шавад, афкори олимон шунида ва якҷоя дар рӯҳияи ҳамбастагӣ амал карда шавад. Дар ин бора дирӯз Дабири кулли СММ зимни як паёми видеоӣ ба иштирокчиёни Саммити тандурустӣ изҳор дошт, хабар медиҳад Хадамоти ахбори СММ.
Ин ҳамоиш 25 октябр дар Берлин оғоз ёфт. Ҳамоиш бо дастгирии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ва иштироки 2500 нафар вакилон — намояндагони давлатҳо, ташкилоти байналмилалӣ ва ҷомеаи илмӣ сурат мегирад. Иштирокчиёни ҷаласа мушкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва роҳҳои ҳалли онҳоро муҳокима мекунанд.
Антонио Гутерриш дар паёми видеоии худ ба ҳамоиш аз оқибатҳои харобиовари пандемияи коронавирус ёдовар шуд: 42,5 миллион сироят ёфтаанд, тақрибан 1 миллиону 147 ҳазор тан ҷон бохтаанд. Ба андешаи ӯ, ин пандемия бесамарии низомҳои тандурустии ҷаҳонро, ки натавонистанд алайҳи ҳолати фавқулода ба таври бояду шояд вокуниш нишон диҳанд, нишон дод.
То имрӯз бо сабаби пандемия тақрибан 500 миллион ҷойҳои корӣ ихтисор шудаанд. Талафоти ҳармоҳаи иқтисоди ҷаҳонӣ тақрибан 375 миллиард долларро ташкил медиҳад. Зӯроварӣ нисбат ба занон шадидан афзоиш ёфтааст, бемориҳои рӯҳӣ ба «буҳрон дар дохили буҳрон» мубаддал шудаанд. Тақрибан 24 миллион кӯдак аз имкони таҳсил маҳрум шудааст.
«COVID-19 моро беш аз пеш аз татбиқи он чизе, ки дар Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 пешбинӣ ва баён шудааст, дур мекунад», — гуфт сарвари СММ. Вай илова кард, ки аз ҳама душвор ин буд, ки ба чунин хатар «мо омода набудем».
Роҳбари СММ ёдовар шуд, ки дастрасӣ ба хадамоти тиббӣ — ин ҳуқуқест, ки имрӯз ба миллиардҳо нафар одамон дар саросари ҷаҳон расонида намешавад. Бисёриҳо аз сабаби гаронии нархи кумаки тиббӣ наметавонанд ба он дастрасӣ дошта бошанд. Гутерриш чунин мешуморад, ки суғуртаи умумиҷаҳонии тиббӣ — роҳи табобати босифат, одилона ва дастрас барои хидматрасонии ҳамагонии тиббӣ мебошад.
«Ба дунболи илм биравед»
Дабири кулли СММ мутмаин аст, ки имрӯз беш аз ҳарвақта ба илм такя кардан ва дар рӯҳияи ваҳдату ҳамбастагӣ амал кардан зарур аст. Ӯ бовар дорад, ки маҳз ҳамин дар якҷоягӣ бо истифода аз воситаҳои озмоишшудаи нигоҳдории вирус — ниқобҳо, фосилаи иҷтимоӣ ва гигиенаи дастҳо — метавонад дар пирӯзӣ алайҳи пандемия кумак намояд.
“… Мо дар ҳар марҳила ба ҳамбастагии ҷаҳонӣ ниёз дорем. Кишварҳои пешрафта низомҳои тандурустии кишварҳои мӯҳтоҷи камбуди захираҳоро бояд дастгирӣ кунанд”, — гуфт Гутерриш ва зарурати таваҷҷуҳи бештарро ба коркарди ваксинаи муассир ва таъмини дастрасии онро ба ҳама таъкид кард.
“Ваксинаҳо, ташхис ва усулҳои муассири табобат — инҳо на танҳо роҳҳои наҷоти одамонанд. Онҳо ба сарфаи пул ва наҷоти ҷамъиятҳои мукаммал мусоидат хоҳанд кард», — илова кард роҳбари СММ. Вай бар ин назар аст, ки танҳо бо роҳи амал дар як самт бар вирус ғолиб омадан ғайриимкон аст ва пешниҳод намуд, ки мушкилот ба таври ҳамаҷониба, босаводона бо омезиши тадқиқоти пешрафта ва тадбирҳои заминавии соҳаи тандурустӣ ҳал карда шавад.
Дабири кулли СММ таъкид кард, ки хабарҳои дурӯғ — шарикони марговари вирус мебошанд. Ба гуфтаи ӯ, вирус, овозаҳо ва дурӯғҳо дар якҷоягӣ боиси афзоиши маргу мир ва шумораи сироятёфтагон, инчунин шиддати иҷтимоӣ ва зӯроварӣ мешаванд. «Агар мо алайҳи овозаҳо, назарияҳои дасисаҳо ва дурӯғҳо вокуниш накунем, пас онҳо тамоми кӯшишҳои моро бесамар хоҳанд кард» — гуфт роҳбари СММ. Вай аз маъракаи СММ — «Санҷидашуда аст!», ки бар зидди тавсеаи маълумоти дурӯғ дар бораи пандемияи COVID-19 нигаронида шудааст, ёдовар шуд.
Сарвари СММ аз тамоми ҷомеаи ҷаҳон даъват кард, ки дар як ҷабҳаи воҳид алайҳи COVID-19 амал кунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ