Аксҳо аз ҷараёни кушодани қабри Амир Темур

Агентии “Ўзархив” аксҳоеро, ки ҳангоми кушодани қабри Амир Темур бардошта шудаанд, тақдим ба омма кард.
Гуфта мешавад, ки ин аксҳо дар Архиви давлатии вилояти Самарқанд нигоҳ дошта мешавад.
Академик Тошмуҳаммад Ниёз Қорӣ-Ниёзӣ ва антрополог Михаил Михайлович Герасимов ба ин ҷараён роҳбарӣ кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли 1941 дар бораи кушодани қабрҳои Амир Темур, Мирзо Улуғбек ва Қозизода Румӣ қарор қабул шуда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ