Дар Қирғизистон касе то ҳол номзади худро ба мақоми президентӣ пешбарӣ накардааст

Дар ин бора муовини раиси Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон Абдиҷапар Бекматов ба Агентӣ хабар дод.

Вай қайд кард, ки шаҳрвандон метавонанд як рӯз пас аз эълони рӯзи интихобот номзадии худро ба мансаби президентӣ пешбарӣ кунанд. Мӯҳлати пешбарии номзадҳо 14-уми ноябр аст.

Дар гузориш омадааст, ки тибқи қонун ду роҳи пешбарӣ шудан ба мақоми президентӣ мавҷуданд. Аввал ин ки мустақилона номзади худро пешбарӣ кунад, дуввум аз ҷониби ҳизб пешбарӣ карда шавад.

Интихоботи пеш аз мӯҳлати президентии Қирғизистон 10-уми январи соли 2021 аст. Сооронбай Жээнбеков пеш аз мӯҳлат, 15-уми октябри соли 2020 аз мақоми роҳбарии ҷумҳурӣ истеъфо дод.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ