Аз соли 2021 дар ҳар вилоят ҳадди ақал як донишгоҳи хусусӣ бунёд мешавад

Дар мамлакати мо шумораи мактабҳои олии хусусӣ зиёд карда мешавад. Ибтидо аз 1-уми сентябри соли 2021 дар ҳар вилояти кишвар ҳадди ақал як донишгоҳи хусусӣ бунёд мешавад. Ин тасмими давлатро Узоқбой Бегимқулов, ҷонишини вазири маорифи кишвар дар як анҷумани матбуотӣ расонаӣ кардааст.
Дар иттилоияи расмии Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси Ӯзбекистон дақиқ гуфта нашудааст, ки дар кишвар чӣ қадар донишгоҳи ғайридавлатӣ бунёд мешавад.
Тавре Бегимқулов гуфт, агар дар шаҳри Тошканд, Қароқалпоқистон ва 12 вилоят яктоӣ донишгоҳ бунёд шавад, пас дар 1 сол дасти кам 14 донишгоҳи ғайридавлатӣ таъсис дода хоҳад шуд.
Тибқи як оморе, ки соли гузашта нашр шуда буд, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама беш дар Қирғизистону Қазоқистон мактабҳои олии хусусӣ мавҷуданд. Дар Тоҷикистону Ӯзбакистону Туркманистон ин навъи мактабҳои олӣ нестанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ