Владимир Путин бо Ҳабиб Нурмуҳаммадов мулоқот хоҳад кард

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков тасдиқ кардааст, ки Владимир Путин бо Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC мулоқот хоҳад кард, аммо санаи дақиқи ин дидор ҳоло мушаххас нашудааст, хабар додааст РИА Новости.
Қаблан президенти Русия Владимир Путин тавассути телефон Ҳабиб Нурмуҳаммадовро бо пирӯзӣ дар набард бо Ҷастин Гетҷии амрикоӣ табрик гуфтааст.
«Дар ҳақиқат, президент гуфт, ки ин ҳатмист, вақте худи Ҳабиб каме истироҳат мекунад ва вазъи эпидемиологӣ … ором мешавад, онҳо ҳатман мулоқот хоҳанд кард», — гуфт Песков дар посух ба пурсиши журналистон оид ба имкони мулоқоти президент бо варзишгар.
Ёдовар мешавем, шаби 25 октябр Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар даври дуюми сабқат бо Ҷастин Гейҷӣ бо истифодаи усули буғикунанда пирӯз шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ