мошинҳои ёрии таъҷилии тиббӣ

ба истифода супорида шуданд

Ҳокимияти вилоят бо мақсади дар даври пандемия баланд бардоштани сифати хизмат­расонии тиббӣ ба аҳолӣ барои муассисаҳои тиббӣ 10-то автомошинаи ёрии таъҷилии тиббии «Volkswagen» гирифта дод.
Барои автомобилҳои ёрии таъҷилии тиббии мазкур, ки дар заводи автомобили Ҷиззах истеҳсол гардидаанд, аз буҷети маҳаллӣ 3 миллиарду 600 миллион сӯм гузарониданд. Ин воситаҳои нақлиётро ба шӯъбаи ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Самарқанд, маркази вилоятии тиббии бисёрсоҳавии бачагон, маркази перенатали вилоят ва филиали Маркази илмии ёрии тиббии таъҷилӣ дар Самарқанд доданд.
Бояд гуфт, ки соли равон аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои муассисаҳои тиббии вилоят 116-то автомашинаи махсус хариданд.
Дар тадбир ҷонишини ҳокими вилоят Х. Очилов иштирок кард.

Ҳусан ЭЛТОЕВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ