Мардуми Миронқул аз тарс «тутила» мекунанд? Сабаб дар чист?

«Духтарам тутила мекардагӣ шуд…»
– Ман дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Миронқули ноҳияи Самарқанд зиндагӣ мекунам, – мегӯяд шаҳрванд Абдурасул Тошев. – Дар оила шаш нафар ҳастем: ҳамсарам ва чор нафар фарзанди ноболиғам. Оғози фасли тирамоҳ буд. Бегоҳирӯзӣ духтарам Фирӯза Холниёзова, соли таваллудаш 2-юми апрели соли 2012, ба берун баромад ва аз садои ногаҳонии таркиш тарсида, гирякунон ба хона даромад. Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, пас аз ҳамин ҳодиса забони духтарам лакнат пайдо кард. Ҳоло ҳангоми гуфтор забонаш «тутила» мекунад.
Оё ин рост аст?
– Чанде пеш ба қабулам Фирӯза Холниёзова ном духтаракро оварданд, – гуфт шифокори Иттиҳоди тиббии бисёрсоҳаи ноҳияи Самарқанд, духтури бачагони бемориҳои асаб Умринисо Салимова. – Мо бо духтарак сӯҳбат карда, дар вай бемории логоневрозро аниқ намудем. Бояд гуфт, ки ин беморӣ дар натиҷаи тарс ба миён меояд. Руҳияти бачаҳо бениҳоят ҳассос ва нозук мешавад ва ҳар як воқеаю ҳодиса ба ҳолати равонии онҳо зуд таъсир мекунад. Ҳоло дар забони Фирӯза аз тарс лакнат пайдо шудааст. Ин бемориро бо ёрии дорувориҳо табобат кардан мумкин аст. Аммо агар ҳолати тарс дубораю себора такрор шавад, беморӣ ба як касалии кӯҳна табдил ёфта, одам як умр аз он азият мекашад. Вақте ки мо бо Фирӯза ҳамсӯҳбат шудем, аён гардид, ки дар қарибии хонаи онҳо якчанд корхона фаъолият доранд. Онҳо бо корҳои пармакунӣ ва тарконидан машғул будаанд. Эҳтимол меравад, ки духтарак аз садои ногаҳонии таркишҳо тарсида бошад. Бинобар ин, ба падару модари вай маслиҳат додем, то аз дубора тарсидани духтарашон эҳтиёт бошанд ва агар имкон доранд, аз он ҷо кӯч банданд. Бачаҳои хурдсол аз доду фарёду овози баланд метарсанд, ҳол он ки садои таркиши замин.
Омили тутилаи духтарак аз чист?
– Дар ҳудуди деҳаи мо якчанд ҷамъиятҳои мас­ъулияташон маҳдуд фаъолият доранд, ки Ҷамъиятҳои масъулияташ маҳдуди «Нютекс Самарқанд» ва «MIRONQUL CARBONAT CALSYUM» аз ин ҷумлаанд, – мегӯяд раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Миронқул Меҳроҷ Султонов. – Ба онҳо барои истифода намудан аз участкаи қаъри замин баҳри ҷамъоварии ашёи хоми семент иҷозат дода шудааст. Аммо дар ин самт дар чорчӯбаи қонун як қатор меъёр ва мезонҳо муқаррар карда шудааст. Афсӯс, ки мутасаддиёни ташкилотҳо ин меъёрҳоро фаромӯш карда, ба қавле талабҳои қонунгузориро зери по намуда, ба таври дилхоҳ кор мебаранд.
Дар изҳороти ҷамъиятҳо доир ба иҷрои талабҳои қоидаи ягонаи корҳои пармакунӣ ва тарконидан зикр гардидааст, ки пеш аз пармакунӣ, ё тарконидан бо садои муайян, серена ё дигар чиз мардум бояд огоҳ карда шаванд. Инчунин, пеш аз анҷом додани корҳои пармакунӣ ё ки тарконидан бояд бо раис ва нозири маҳалла муросо намуда, дар асоси нақшаи муайян ин корро иҷро кунанд.
Мутаассифона, ин ҳама талабу меъёрҳо танҳо дар коғаз ҳастанд ва аз тарафи роҳбарон ва кормандони корхонаҳо қариб ба он амал намекунанд ва ин боиси шикояти барҳақи мардуми маҳаллӣ мегардад.
Мардум чӣ эътироз доранд?
Ҳотам ҚУРБОНОВ,
собиқадори меҳнат, иштирокдори корҳои бартарафсозии оқибатҳои ҳалокати стансияи атомии электрии Чернобил:

– Солҳои 1969–1970 як гурӯҳ геологҳо омада, дар ин ҷо мавҷуд будани ашёи хоми сементро аниқ карда буданд. Аммо аз сабаби ба нуқтаи аҳолинишин наздик будани ин манзил корро сар накарданд. Инак, се сол мешавад, ки оромии аҳли деҳа вайрон гардидааст. Бахусус, вақтҳои охир кормандони ташкилотҳо аз ҳад мегузаронанд. Умуман тартиби муқаррарӣ корӣ надоранд. Мардумро огоҳ накарда, вақти дилхоҳ метарконанд. Шаб аст ё рӯз, барои онҳо аҳамият надорад. Масалан, дар миёнаҳои моҳи апрели соли ҷорӣ соати 20:00 бегоҳ тарконданд. Оё ин аз рӯйи инсоф аст?
Хайрулло САТТОРОВ,
ногирои гурӯҳи якум:

– Вақте ки метарконанд, тамоми деҳаро чанг зер мекунад. Ҳозир барги дарахти дилхоҳро бинед. Рӯйи барг сап-­сафед чанг аст. Ин дар баробари ба табиат зарар расонидан, боиси пайдошавии бемориҳои гуногун мегардад. Бачаҳои хурдсол зуд-­зуд касал мешаванд. Аксари солхӯрдагон аз фишори баланд ва бемориҳои дил азият мекашанд. Охир тарс сабаби асосии пайдошавии бемориҳо аст. Ҳангоми таркидан чунин овоз мебарорад, ки кӯдак аз тарс ҷойи хоби худро тар мекунад.
Дилшод ҚОБИЛОВ,
сокини деҳа:

– Қисми зиёди хонаҳои деҳа аз садои таркиш шикаст хӯрдаанд. Ҳатто хонаҳои навтаъмир ва навбунёд дарзҳо пайдо кардаанд. Аксар хона бедарз намешавад, мегӯянд. Аммо ин дарзҳо фарқ доранд. Дарз аз дарун ва беруни хона аз як ҷой афтодааст. Шахсан дар ҳамаи хонаҳои ман чунин дарзҳоро диданатон мумкин. Девори оғилхонаам чунон кафидааст, ки даст бемалол ба дарун медарояд. Агар чунин тарконидан гиранд, аҷаб нест, ки хонаҳо вайрон гардида, одамон зери бом монанд.
Фахрулло САТТОРОВ,
сокини деҳа:

– Ғайр аз осеб дидани табиат, шикаст хӯрдани хонаҳо, роҳҳо низ таъмирталаб шуданд. Ҳавои деҳа вайрон гардида, чашмаҳо хушк мешаванд. Дарахтон ҳосили дилхоҳ намедиҳанд. Ҳосили замин кам мешавад. Ин ҳама худ аз худ не, балки бо таъсири чанг ва муносибати нодуруст бо табиат сар мезанад. Соли 2019 аз ҳисоби маблағҳои буҷет 2,5 километр роҳи асосии маҳалла мумфарш карда шуд. Ҳоло дар натиҷаи беист ҳаракат карда, бори вазнин кашондани мошинҳои боркашон роҳ боз ба ҳолати таъмирталаб омадаст.
Мавлуда ЧАҚҚОНОВА,
модари Фирӯза:

– Ягон ташкилот намонд, ки муроҷиат накарда бошем. Ба раиси маҳалла, шӯъбаи прокуратура, идораи корҳои дохилии ноҳия, ҳокимияти ноҳия, ба мессенҷери ҳокими вилоят дар телеграм муроҷиат кардем. Ҳатто ба қабули ҳокими ноҳия раф­тем. Аммо натиҷа не. Дар аввали моҳи сентябр ба Қабулхонаи Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон шикоят кардем. Пас аз чанд рӯз кормандони Садорати кадастри давлатӣ ва захираҳои замини вилоят омада, «ин кори мо не» гуфта рафтанд. Аз рӯйи ин масъала ҳатто ба суд муроҷиат кардем.
Рӯзи 29-уми сентябри соли ҷорӣ ба суди ноҳияи Тайлоқ доир ба корҳои шаҳрвандӣ рафтем. Гуфтанд, ки то хонаҳои худро экспертиза карда, хулосаи онҳоро набиёрем, суд кори моро аз назар намегузаронад. Сипас, ба ташкилоти экспертиза рафтем. Онҳо таъкид намуданд, ки бе хати расмии суд ё прокуратура чунин кори санҷиширо анҷом намедиҳанд. Ҳар як ташкилот аз сари худ дур мекунад. Беш аз панҷ моҳ аст, ки мардуми бечора дар миёни ташкилотҳо сарсону саргардон ҳастанд. Чанде пеш, пас аз муроҷиатҳои такрорӣ кормандони инспексия доир ба назорати соҳаи ҳифзи экология ва муҳити атрофи ноҳияи Самарқанд омаданд.
Экологҳо: мо чӣ кор ҳам карда метавонем?
– Кормандони мо ба деҳаи Миронқул рафта, вазъиятро омӯхтанд, – мегӯяд сарвари инспексия доир ба назорати соҳаи ҳифзи экология ва муҳити атрофи ноҳияи Самарқанд Ҷаҳонгир Бобоназаров. – Вақте ки бо аҳолӣ вохӯрдем, онҳо аз баланд будани «доза»-и таркиш, таъмирталаб гардидани роҳҳо, ба соҳибони хонаҳое, ки зарар дидаанд, пардохтани маблағи осеб шикоят карданд. Мо ба онҳо фаҳмондем, ки ин кор берун аз ваколатҳои мо аст.
– Оё ин таркиш ва корҳои пармакунӣ ба экология ва муҳити атроф зарар намерасонад?
– Албатта ба миқдори муайян зарар мерасонад. Чунки ҳангоми тарконидан ба ҳавои атмосфера моддаҳои зараровар партофта мешавад. Чанги ғайриорганикӣ, оксиди углерод, диоксиди азот, ки характери шилликӣ доранд, ба муҳити атроф зарар мерасонанд. Бинобар ин, пеш аз ташкили фаъолияти корхона, роҳбари ташкилот ба буҷаи давлат баҳри зараре, ки ба экология мерасонад, ҷубронпулӣ месупорад. Танҳо дар чунин маврид ба онҳо рухсатнома медиҳанд.
Ҳоло ҳокимияти ноҳия ва дигар ташкилотҳои мутасаддӣ барои корбарӣ иҷозат додаанд. Мо наметавонем ба фаъолияти онҳо дахолат кунем.
Дар ҳамин маврид, саволи барҳақ ба миён меояд: ташкилот ё корхона пеш аз оғози кор барои буҷети давлат ҷубронпулӣ месупорад, аммо ғами истиқоматкунандагони гирду атрофи онро кӣ мехӯрад? То кай аҳолӣ чангу заҳри корхонаҳоро «мехӯранд»-у аз тарс «тутила» мекунанд…

Ғами бачаҳоро кӣ мехӯрад?
Дар ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Миронқул ду истироҳатгоҳи бачагона фаъолият дорад. Истироҳатгоҳи бачагонаи «Учқун»-и назди шӯъбаи таълими халқи ноҳияи Самарқанд ва истироҳатгоҳи бачагонаи «Соғлом авлод»-и назди Ҷамъияти саҳҳомии «Жума пахта тозалаш заводи»-и ноҳияи Пастдарғам. Истироҳатгоҳи бачагонаи «Учқун» дар се баст барои қабули 360 нафар бачагон, истироҳатгоҳи «Соғлом авлод» барои қабули 870 нафар бачагон пешбинӣ шудааст. Аз рақамҳо аён аст, ки дар таътили дарозмуддати тобистона дар ду истироҳатгоҳ беш аз 1000 нафар бачагон истироҳат мекунанд. Онҳо таътилро дур аз падару модар, зери парастории тарбиядиҳандагон мегузаронанд. Албатта дар мавсими тобистон низ аз тарафи ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди «Нютекс Самарқанд» ва «MIRONQUL CARBONAT CALSYUM» корҳои тарконидан ва пармакунӣ гузаронида мешавад.
Савол: дар чунин марвид бехатарии бачагонро кӣ таъмин мекунад? Кӣ кафолат медиҳад, ки онҳо аз садои таркишҳо наметарсанд? Агар бачае тарсида, бемор шавад ё ягон ҳолати нохуш рӯй диҳад, кӣ ҷавобгар мешавад: маъмурияти истироҳатгоҳ ё ҷамъиятҳо?
– Соли ҷорӣ аз сабаби пандемияи коронавирус истироҳатгоҳҳо кор накарданд, – гуфт директори истироҳатгоҳи бачагонаи «Учқун» Толиб Муинов. – Дар ҳудуди деҳа корҳои тарконидан гузаронида мешавад. Албатта ин барои бачагони синни мактабӣ хатарнок аст. Гоҳу бегоҳ, бамавриду бемаврид, мардумро огоҳ накарда, заминро тарконидан боиси тарсидани бачаҳо мешавад. Падару модарон фарзандони худро ба мо бовар карда месупоранд. Мо ба саломатии ҳар як хонанда ҷавобгар ҳастем. Агар бо онҳо ягон ҳодисаи нохуш рӯй диҳад, ё саломатияшон осеб бинад, мо ҷавобгар мешавем. Бинобар ин, чунин корҳо аз рӯйи тартиби муқаррарӣ, бо риоя ба қоидаҳо сурат гирад, беҳтар аст. Охир ғами бачаҳоро, ки ояндасозони Ватан ҳастанд, мо нахӯрем, кӣ мехӯрад?
Қонун чӣ мегӯяд?
Ҳар як кор дар чорчӯбаи қонун сурат гирад, аз он на ҷамъият зарар мебинад ва на мардум норизо мешаванд. Вақте ки мардуми деҳаи Миронқул аз фаъолияти ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди «Нютекс Самарқанд» ва «MIRONQUL CARBONAT CALSYUM» норозӣ ҳастанд, пас чунин хулоса бармеояд, ки онҳо меъёрҳои муқаррарӣ ва талабҳои корбариро бо эҳтимоли бузург вайрон кардаанд. Ба ин қоидавайронкуниҳо мо пеш аз тарконидан бо садои муайян ё серена мардумро огоҳ накардани ҷамъиятҳоро, инчунин, бо раис ва нозири маҳалла муросо накарда, дар асоси нақшаи муайян анҷом надодани корҳоро мисол оварданамон мумкин аст.
Дар дастуруламали татбиқ намудани корҳои тарконидан ва пармакунӣ зикр гардидааст, ки ҳудуди таркиш бояд аз манзили истиқоматии аҳолӣ 1 километр дур бошад. Ҷамъиятҳо дар чунин масофа амал кунанд ҳам, (масалан, ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «MIRONQUL CARBONAT CALSYUM» дар масофаи 1052,6 метр ҷойгир аст), агар ба қоидаҳои таркиш амал накунанд ва дозаи таркониданро бештар гузоранд, ба ин кӣ ҷавоб медиҳад?
«Шикояти мардум қисман дуруст»
– Ман худ зодаи ҳамин деҳа ҳастам, – гуфт директори ҶММ «MIRONQUL CARBONAT CALSYUM» Холбой Худойқулов. – Се сол боз кор мебарем ва дар ҷамъияти мо 12 нафар корманд кор мекунанд.
– Фикри шумо ба шикояти мардум…
– Шикояти мардум қисман дуруст аст. Дар ин ҷо якчанд карер кор мебарад. Гоҳо баъзе карерҳо дозаи таркишро аз меъёр зиёд мегузоранд ва ин албатта ба хонаву ҷойи мардум осеб мерасонад.
– Шумо ҳам ягон маротиба меъёри муқаррариро вайрон кардед?
– 16-уми апрели соли ҷорӣ чунин ҳолат рух дод. Баъд аз он, мардум шикоят карданд ва мо ба беш аз 40 хонавода, ки хонаҳояшон осеб дида буданд, ба миқдори гуногун ёрии моддӣ расондем. Бояд як нуктаро гуфт, ки ба корҳои тарконидан мо масъул нестем. Чунин амал аз тарафи корхонаи муштараки «Максам Испания» гузаронида мешавад. Баъди дар карер дору гузоштани ин корхона, ҳеҷ кас ҳуқуқи ба он ҷо рафтанро надорад. Чанде пеш дар кори тарконидан ҳокими ноҳия, сарвари шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия ва мутасаддиёни дигар ташкилотҳо низ иштирок карданд.
– Фаъолияти корхонаро чӣ гуна ташкилот назорат мекунад?
– Фаъолияти моро Садорати ҳудудии Кумитаи давлатии бехатарии саноати Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд назорат мекунад.
Назоратчиён чӣ мегӯянд?
– Ин шикояти мардуми деҳаи Миронқул бори аввал нест, – гуфт инспектори давлатии Садорати ҳудудии Кумитаи давлатии бехатарии саноати Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд Мирсодиқ Шодмонов. – Онҳо аз ин пеш ҳам ба мо муроҷиат карданд ва мо рафта ҳолатро омӯхтем. Моҳи майи соли ҷорӣ низ аз пайи арзи мардум ба деҳа рафта, корҳои омӯзишӣ гузарондем. Аён гардид, ки ҶММ «MIRONQUL CARBONAT CALSYUM» бегоҳрӯзӣ, пас аз ғуруби офтоб, мардумро огоҳ накарда, корҳои таркониданро гузарондааст. Мо барои ин амали ғайриқонунӣ ҷамъиятро огоҳӣ додем.
– Агар боз вайрон кардани меъёрҳои муқаррарӣ аниқ гардад, чӣ гуна чора андешида мешавад?
– Агар дубора вайроншавии меъёрҳо аниқ гардад, мо ба кумита хабар медиҳем ва мутасаддиён ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. Агар вазъият ҷиддӣ бошад, парвандаи ҷиноӣ кушода мешавад.
– Ҳангоми корҳои омӯзишӣ бо аҳолӣ ҳам сӯҳбат кардед?
– Албатта. Мо шикояти мардумро шунидем. Инчунин, барои оилаҳое, ки зарар дидаанд, ёрии моддӣ расондем.
– Яъне, ҷубронпулӣ?
– Не, компенсатсия не. Чун ёрии моддӣ аз тарафи директори ҷамъият супорида шуд. Ин маблағро на ба таври қонунӣ, балки ҳамин тавр, чун ёрдам ба оилаҳои зарардида, ба миқдори гуногун тақсим карданд.
Ин ҷо саволе ба миён меояд: директори ҷамъият ин маблағро аз кадом ҳисоб ва барои чӣ дод? Худ аз худ аён аст, ки бо мақсади пешгирии арзи мардум. Ба таври дигар, барои «маҳкам кардан»-и даҳони халқ.
Ба ҷойи хулоса
– Дар ҳудуди деҳаи мо ғайр аз ин ду ҷамъият, боз чандин карерҳо амал мекунанд, – гуфт раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Миронқул Меҳроҷ Султонов. – Мо тарафдори қатъ кардани фаъолияти ин соҳибкорон нестем. Чунки дар оянда доираи фаъолияти онҳо васеъ гардад, ҷавонони ҳамин деҳа бо кор таъмин мешаванд. Аз қафои он рӯзгори баъзе оилаҳо пеш меравад. Мо мехоҳем, ки ҷамъиятҳо фаъолияти худро дар чорчӯбаи қонун, бо риоя ба қоидаҳои бехатарӣ ва талабҳои муқарарӣ амалӣ намоянд. То ҳол мутасаддиёни ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди «Нютекс Самарқанд» ва «MIRONQUL CARBONAT CALSYUM» ба як қатор корҳои хайр низ даст заданд. Барои обод кардани деҳа саҳмгузорӣ намуданд. Аммо дар ин ҳудуд боз як корхонаи дигар фаъолият дорад, ки на роҳбари онро мешиносему на дар бораи корхона ягон маълумот дорем. Агар мутасаддиён дар ҳалли ин муаммои аҳли деҳа дасти мадад дароз мекарданд, мо аз ин шод мегардидем.
Ҳангоми омӯзиши фаъолияти ҷамъиятҳо мо хостем бо ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва фаъолияти Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Нютекс Самарқанд» низ шинос шавем. Мутаассифона, сарвари ҷамъият Беҳрӯз Салоҳиддинов ба мо дастрас намудани ҳуҷҷатҳои заруриро ваъда дод, аммо нарасонд.
Директори ин ҷамъият мегӯяд, ки онҳо низ ба мардуми деҳа «ёрии моддӣ» расондаанд. Аммо он аз кадом ҳисоб ва ба чанд нафар тақдим гардид, барои мо норавшан аст.
Хулоса, тӯли чанд моҳ аст, ки аҳли деҳа сарсонанд. Ҳар як ташкилот муамморо аз сари худ дур карда, муроҷиаткунандагонро ба корхона ё ташкилоти дигар рӯ ба рӯ мекунад ва дар навбати худ он ташкилот низ чунин роҳро пеш мегирад: мардумро ба дигар корхона равона месозад. Вақте, ки Президенти мамлакат «На халқ ба идораҳои давлатӣ, идораҳои давлатӣ бояд ба халқ хизмат расонанд» мегӯянд ва таъкид мекунанд, ки ин шиори фаъолияти ҳар як роҳбари корхонаву ташкилотҳо бошад, идора ва ташкилотҳои давлатӣ бо сарсону саргардон кардани халқ овораанд. Инро чӣ хел метавон шарҳ дод?

Фаридуни ФАРҲОДЗОД.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ