Таъмини аҳолӣ бо баллонҳои гази фишурда

ба таври онлайн назорат карда мешавад

Кишвари мо аз сарватҳои зеризаминӣ бой аст, ки яке аз инҳо гази табиӣ буда, барои ривоҷи соҳаи саноат, ҳаракати нақлиёт, истеҳсоли нерӯи барқ ва ғайра хеле муфид мебошад. Солҳои охир маҳз аз афзудани коркарди гази табиӣ минтақаҳои дурдасти аҳолинишин бо сӯзишвории арзону қулай, бедуду хокистар таъмин мегарданд. Боиси хурсандист, ки танҳо дар вилояти Самарқанд 289 415 хонадон аз гази табиӣ ва 479 339 оила аз гази фишурдаи баллонӣ истифода мебаранд.
Мо дар бораи сатҳи таъмини аҳолӣ бо гази табиӣ, вазифаҳо дар ин самт, корҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон бо сардори шӯъбаи «Ҳудудгаз Самарқанд»-и вилоят Олимҷон ИСОҚУЛОВ сӯҳбат кардем.
– Бо фарорасии фасли зимистон талаб ба ин намуди сӯзишворӣ зиёд мешавад, – мегӯяд Олим Абдуллоевич. – Ба ин хотир барои тайёрӣ ва гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистон барномаи чораву тадбирҳои махсус таҳия намуда, аллакай корҳои зиёдро амалӣ намудем. Беш аз 840 километр қубурҳои газ тоза шуда, 8630 нуқтаи газтақсимкунӣ мукаммал таъмир ва аз санҷиш гузаронида шуд.
Барои ба мардум саривақтӣ расондани баллонҳои газ 85-то нақлиёти «ISUZU» ва ду адад «CHAKMAN» кор мекунанд. Агар дар шаш моҳи соли равон ба истеъмолчиён 30 419 тонна гази фишурда расонида шуда бошад, танҳо дар тӯли ду моҳи охир ин нишондод ба 24 ҳазор тонна расид.
– Дар рафти қабулҳои сайёр ё вохӯриҳо бисёр мешунавем, ки баъзе шаҳрвандон аз ғайриқаноатбахш ва тӯл кашидани таъминот бо гази фишурда шикоят мекунанд.
– Мушоҳидаи шумо дуруст аст. Мо барои ҳалли муроҷиати аҳолӣ дар ноҳияи дурдасти Қӯшработ, корхонаи коркарди газ, яъне пур кардани балони газ сохтем. Чунин иншоот дар ноҳияҳои Ургут, Пайариқ, Булунғур, Оқдарё низ ба истифодабарӣ супурда шуданд.
– Қариб 20 сол аст, ки деҳаи Хӯҷа Аҳрори Валӣ ва нисфи зиёди ноҳияи Самарқанд аз гази табиӣ маҳрум ҳастанд. Лекин қубурҳои газ «зеб»-и кӯчаҳо ва гузарҳо мебошанд. Саволе пайдо мешавад: дар оянда ин гузарҳо боз бо гази табиӣ таъмин мегарданд ё не?
– Танҳо дар ду соли охир дар ин соҳа ислоҳоти зиёд амалӣ гардид, ки аллакай самараи худро медиҳад. Ҳоло истеҳсоли гази табиӣ дар кишвар ба 10 фоиз афзуд. Сарвари давлатамон барои истеҳсоли маҳсулотҳои нефту газ ва пурсамарона истифода бурдан аз ин, қарору фармонҳои махсус имзо карданд, ки бешубҳа бо навбат, зина ба зина таъминот бо гази табиӣ беҳтару хубтар хоҳад гашт.
– Мардум ба идораи рӯзнома дар бораи бо нархи қимат фурӯхтани гази фишурда шикоят мекунанд…
– Барои пешгирии чунин ҳолат аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии «Hududgaz ta’minot» тартиби назорати онлайн ҷорӣ гардид. Корбарии соҳаи мазкур аз III зина иборат буда, аввалинаш – ба баллонҳои маишии газ стикерҳои кодӣ часпондан, дуюм – истеъмолчиёнро бо харитаҳои «ID» таъмин мекунанд ва саввум – ҷараёнро бо «E‑gaz» онлайн мепайванданд.
Ин амалиёт дар Самарқанд оғоз ёфт ва дар шӯъбаи мо барои мутахассисон дарсҳои махсус гузаронида шуд.
Ба истеъмолчиён, ки картаҳои «ID» дода шудааст, дар онҳо маълумотҳои зарурӣ дар бораи дафъаи охирин кадом рӯз бо баллонӣ газ таъмин гардид нархаш – чанд сӯм ва дигар маълумотҳо баён карда мешавад, ки ин барои барқарор гардидани адолат мусоидат мекунад.
– Аҷиб, шумо ба кори роҳбарӣ чӣ хел омадаед?
– Соли 1985 пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатамро ба Донишкадаи меъморӣ ва сохтмонии Самарқанд супурдам. Барои ба шӯъбаи рӯзона дохил шудан чанд хол нарасид. Баъд фаъолияти меҳнатии худро дар идораи «Ҳудудгаз Самарқанд» ҳамчун челонгар оғоз намудам. Рӯзона кор карда, шабона таҳсил гирифтам. Аввалин устодам Муҳаммад Маматов буд, ки ӯ ҳам аз челонгари оддӣ то дараҷаи роҳбари идора расидааст. Аз тақдир сипосгузорам, ки бо чунин инсони хоксору ҷиддӣ, рамузфаҳми серталаб, вале меҳрубон рӯ ба рӯ кард. Сипас, чанд сол дар Вазорат адои вазифа намудам. Нону насиба будааст, ки аз Тошканд боз ба Самарқанд омадам.
– Шумо воқеан одами серкору серҳаракат ҳастед. Агар фурсати бекор пайдо шавад бо чӣ кор машғул мегардед?
– Саёҳат ба кӯҳсор, шикору моҳидорӣ ва аз зебогии табиат баҳра бурдан ҷону дилам аст. Лекин афсӯс, ки вақтҳои охир супориш ва талаб хеле бисёр. Бовар кунед, баъзан хӯроки пешинро соатҳои 3–4 мехӯрем. Мақсад – ба халқ хизмати шоиста кардан аст.

Бахтигул ҚАРШИЕВА,
котиби матбуоти шӯъбаи “Ҳудудгаз Самарқанд”-и вилоят
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, хабарнигор
.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ