Маданияти номгузории мо дар чӣ сатҳ аст?

Имрӯз маъракаву тадбирҳои моро бе ресторанҳо тасаввур кардан душвор аст. Ҳарчанд, ки дар даври пандемия ҳавлӣ ҷойи баргузории тӯю маъракаҳо шуд, аммо ҳама медонем, ки ин муваққатист ва бо беҳ шудани вазъияти эпидемиологӣ ресторанҳо дубора хидматрасониҳои худро идома хоҳанд дод.
Дар бораи зебоиву сатҳи хидматрасонии ресторанҳои Самарқанд ҳарф задан шарт нест. Бисёре аз ресторанҳои мо дар зебоиву хидматрасонӣ миёни базмгоҳҳои Ӯзбекистон намунаанд. Ин ҷиҳатҳо ҳунари меъморӣ, меҳмондорӣ ва дар умум завқи эстетикии соҳибони ресторан ва ҳам кулли самарқандиёнро нишон медиҳад. Аммо, ин ҷиҳатҳое ҳастанд, ки ба масъалаи иқтисодӣ низ вобаста мебошанд. Пул барои нишон додани шукӯҳу дараҷаи ресторан бешубҳа нақши назаррасе дорад. Ин ҷо як ҷиҳати дигаре ҳаст, ки завқу салиқаи ресторандориро ва муҳимтар аз он маданияти шаҳру шаҳрдориро нишон медиҳад.
Номгузорӣ ҳам як «пора»-е аз маданият аст. Бахусус, барои минтақае, ки соҳиби таъриху фарҳанги қадимӣ мебошад. Ҳангоми ном гузоштан ба биноҳову муассисаҳои махсуси шаҳр бояд тавре амал кард, ки он ҷавобгӯи фарҳанги шаҳр бошад.
Ресторанҳои шаҳру ноҳияҳои мо хеле зебоянд, вале афсӯс, ки дар бисёр маврид ба маданияти номгузорӣ ҷавоб намедиҳанд. Мо дар ин бора мисоле намеоварем, чун худи халқ ресторанҳоро хуб мешиносад.
Хуб, имрӯз ду навъи номгузорӣ ба ресторанҳо бисёр дида мешавад, ки аз нигоҳи фарҳангӣ номгузорашон номақбуланд. Якум, номи яке аз аҳли хонаводагонро гузоштан аст. Дуввум, гузоштани номҳои таркибӣ бо истифода аз калимаҳои хориҷӣ аст. Албатта, дар ҳолатҳои истисноӣ истифодаи ин ду усул дар ҳангоми номгузорӣ ногузир аст ва онро касе инкор намекунад. Вале, дар умум ин ду усул боиси пайдоиши номҳои гӯшхарошу дур аз завқ мегарданд.
Дар шаҳр ресторанҳо бо номҳои таркибӣ зиёданд. Як калимаи ӯзбекӣ, ё тоҷикӣ ва як калимаи хориҷӣ – натиҷааш як номи «гибрид»-ест, ки аз назари бархе нишондиҳандаи замонавӣ будан мебошад. Аммо ҳеч ин тавр нест. Ин аввал далели майл ба маданияти хориҷӣ ва дурӣ ҷустан аз маданияти худамон аст. Илова бар ин, чунин ресторанҳо одатан бо номи «дурага»-и худ созише надоранд.
Бештар дар атрофи шаҳр ва ноҳияҳои мо ресторанҳое бо номи бобову падар ва дигар аъзои оила бисёр буданд. «Эргашбобо», «Тӯйчи-ота» ва ғайра аз ин зумраанд. Арҷ гузоштан ва зинда нигоҳ доштани номи бузургони оила хеле хуб аст. Вале, роҳҳои хубтар аз ин барои гиромӣ доштани номи онҳо низ фаровонанд. Беҳтар аст, ресторани мо номе дошта бошад, ки он маданияти волои ин хоку диёрро дар худ инъикос кунад. Чӣ тавре, ки гуфтем, номгузорӣ ҳам ҷузви маданият аст.
Гузаштагони мо номгузориро хеле зебо анҷом медоданд. Албатта, дар қадим ресторан надоштем, аммо ҷойҳои махсуси дигар номҳои хеле зебо мегирифтанд. Масалан, мадрасаҳои Шердор, Тиллокорӣ ё, боғҳои Амир Темур – Боғи Дилкушо, Боғи Биҳишт, Боғи Ҷаҳоннамо, Боғи Чинор ва ғайра. Шарт нест, ки ин номҳоро барои ресторан рӯбардор кунем. Танҳо намуна гирифтану омӯхтан аз онҳо барои мо кифоя мекунад.
Ҳоло шаҳри Тошканд, пойтахти кишварамон дар ин замина намуна ба дигарон аст. Бубинед, ресторанҳо чӣ зебову ҷаззоб номида шудаанд: «Кӯҳинур», «Эзидёр», «Регистон», «Чароғон», «Афрӯз», «Баҳор», «Ҳумо»… Албатта, мо низ ресторанҳои зебоном дорем – «Боғишамол», «Шоҳсарой», «Висол» ва ғайра. Аммо инҳо дар муқоиса бо он ресторанҳое, ки номашон бо маданияти Самарқанд созгор нест, хеле каманд.
Мақсади мо маҳз танқиди ресторанҳо набуд. Дар асл, имрӯз биноҳои гуногуни Самарқанд чунон номҳои подарҳаво ва бемантиқ доранд, ки гӯё «шаҳр бедарвоза аст». Бояд ба номгузорӣ эътибор дод, номҳои номақбулро ислоҳ кард. Самарқанд шаҳри фарҳангӣ аст ва вазифаи мост, ки онро риоя кунем ва бе гарду олоиш ба насли оянда расонем.

Умед ФАРҲОДЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ