Беш аз 100 ҳазор аҳолии Калифорнияро ба далели сӯхтор мекӯчонанд


Дар ҳоли ҳозир ба ҷойҳои бехатар кӯчондани аҳолии Калифорния аз минтақаҳои сӯхтор идома дорад. Шумори онҳо беш аз 100 ҳазор нафар аст. Дар ин бора СNN хабар дод.
Дар Калифорния тақрибан 700 нафар оташнишон ба хомӯш кардани сӯхтор ҷалб гардидаанд. Хонадони беш аз 320 ҳазор нафар ҳоло аз системаи барқрасонӣ канда шудааст. Ширкатҳои барқрасонӣ барои таъмини бехатарии аҳолӣ дастрасии онҳоро ба шабакаи барқ маҳдуд кардааст.
Ёдовар мешавем, то ҳол сӯхтор беш аз 1,62 миллион ҳектор ҷангалзори Калифорнияро нобуд кард. Дар таърих ягон бор сӯхтори ҷангалзорҳои Калифорния ба ин ҳад домана паҳн накарда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ