Раиси ФИФА низ мубталои коронавирус шуд


Жанни Инфантино, раиси Федератсияи байналмилалии футбол – ФИФА низ мубталои коронавирус шуд.
Дар ин бора маркази матбуотии ФИФА хабар дод.
Инфантино барои ташхиси коронавирус тест супурда буд ва он натиҷаи мусбат дод.
Гуфта мешавад, ки ҳолати бемории ӯ миёна аст. Ҳоло 4 рӯз аст, ки ӯ дар инзиво (изолятсия) қарор дорад. Баъди 10 рӯз муддати карантини ӯ ба поён мерасад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ