Трамп Суданро аз рӯйхати кишварҳои сарпарасти созмонҳои террористӣ хориҷ кард

Шӯрои соҳибихтиёрии Судан дар сафҳаи Твиттери худ эълон кард, ки президенти ИМА Доналд Трамп кишварро аз рӯйхати кишварҳои сарпарасти созмонҳои террористӣ хориҷ кард, хабар медиҳад “РИА Новости”. «Президенти ИМА тасмим гирифт, ки Суданро аз рӯйхати кишварҳое, ки терроризмро дастгирӣ мекунанд, хориҷ кунад, ки ба қарибӣ эълон карда мешавад»
Дар гузориш инчунин гуфта шудааст, ки ин рӯзи муҳим дар таърихи Судан ва инқилоби машҳур аст.
Президенти ИМА Доналд Трамп ваъда дод, ки Суданро пас аз пардохти маблағи умумии 335 миллион доллар ба амрикоиҳо ва оилаҳои онҳо, ки қурбони ҳамлаҳои террористии 19-уми октябр шуда буданд, аз рӯйхати кишварҳои сарпарасти созмонҳои террористӣ берун хоҳад кард. ИМА Судонро 12-уми августи соли 1993 ба ин рӯйхат илова кард ва соли 1997 муносибатҳои бонкҳои Судан бо шарикони хориҷиро маҳдуд карда, ба Хартум таҳримоти молиявӣ ҷорӣ кард.
Равобити Хартум ва Вашингтон пас аз табаддулоти ҳарбӣ дар моҳи апрели соли 2019 ва сарнагун кардани ҳукумати президент Умар ал-Башир, ки 30 сол дар Судан ҳукмронӣ кард ва ташкили ҳукумати нав ба таври назаррас беҳтар шуд. Дар моҳи августи соли 2019, сарвазири нави Судан Абдуллоҳ Ҳамдок эълом дошт, ки бо ИМА музокиротро барои хориҷ кардани кишвар аз рӯйхати кишварҳои пуштибони терроризм оғоз кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ