Дар Самарқанд соле 30000 тонна моҳӣ расонда мешавад

Аз ҷониби Садорати нозироти назорати маҷмӯи агросаноати вилоят бо мақсади боз ҳам такмил додани моҳирасонӣ аз рӯйи зиёд кардани навъҳои моҳӣ, азнавкоркарди маҳсулот ва дар усули «садок» ба роҳ мондани маҳсулоти парҳезӣ реҷаи истиқболнок муайян шудааст. Дар ҷойҳо барои моҳирасонӣ ҳавзҳои хурди обӣ барпо кардаанд. Дар онҳо навъҳои «Лаққаи африкоӣ», «Карп», «Форел» ва «Осётр» — и моҳиро парвариш мекунанд. Дар қисми аз ҳудуди вилоятамон гузарандаи дарёи Зарафшон ба бо усули «садок» расонданӣ моҳӣ эътибор дода мешавад. Ҳоло соҳибкорон бо ин усул расондани моҳиро васеъ истифода мебаранд. Имрӯзҳо дар вилоят 459 хоҷагии моҳирасонӣ мавҷуд буда, дар онҳо 9553 гектар майдони обӣ ҷудо шудааст. Аз инҳо 7909 гектараш ҳавзҳои обии табиӣ ва 644 гектараш ҳавзҳои обии сунъӣ ҳисобида мешавад. Дар соли ҷорӣ дар вилоятамон расондани 30000 тонна моҳӣ, ба кор даровардани 30 лоиҳаи 45 миллиарду 445 миллион сӯмина ба нақша гирифта шудааст. То ин вақт дар ноҳияҳои Оқдарё ва Ургут 3-то лоиҳа ба кор даромад. Дар ноҳияи Пайариқ бошад, дар 460 гектар ҳавз 72 хоҷагии ба моҳипарварӣ ихтисосонидашуда фаъолият дорад. Дар 9 моҳи гузашта аз ҷониби онҳо 2069 тонна маҳсулоти моҳӣ расонда шуд. Хизмати ахбори Садорати нозироти назорати маҷмӯи агросаноати вилоят.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ