Президенти «Барселона» ба истеъфо баромад

«Барселона» аз лавозими президентии ҷамоа ба истеъфо баромадани Хосеп Мария Бартомеуро тасдиқ кард. Бино ба хабари сомонаи расмии клуб якҷоя бо Бартомеу аъзои Шӯрои директорони кабуд-аноррангҳо ҳам ба истеъфо баромадаанд. Бартомеу соли 2014 лавозими президентии клубро соҳибӣ кард. Дар байни солҳои гузашта клуби Каталония 4 маротиба чемпиони мамлакат шуд. 4 маротиба ғолиби Ҷоми мамлакат гардид. Ғолибии Лигаи чемпионҳо (2014-2015), Суперкубог (2015) ва чемпионии ҷаҳонии байни клубҳо (2015) -ро ба даст овард. Дар мавсими ҷорӣ «Барселона» дар чемпионати мамлакат баъди 5 вохӯрӣ бо 7 хол ҷойи 12-умро банд мекунад. Хотиррасон мекунем, ки моҳи августи соли ҷорӣ сармураббии клуб Кике Сетен ба истеъфо бароварда шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ