Шумори корбарони iPhone дар ҷаҳон беш аз 1 миллиард нафар шуд


Нил Сайбарт, коршиносе, ки дар бораи Apple маълумот медиҳад, охирин муваффақияти ин ширкатро маълум кард. Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаҳон шумори корбарони фаъоли смартфонҳои iPhone беш аз 1 миллиард нафар шудааст.
Аз рӯзе, ки нахустин iPhone тақдими корбарон шуд, 13 сол гузашт ва тайи чандин сол аст, ки он смартфони харидоргиртарини ҷаҳон мебошад.
Мутаассифона, Сайбарт шумори дақиқи корбарони смартфони iPhonе-ро нагуфтааст.
Рекорди қаблии ширкат – 900 миллион нафар корбари фаъол моҳи январи соли 2019 сабт шуда буд. Ин маълумотро Лука Маэстри, мудири молиявии Apple мунташир кардааст.
Ҳоло мутахассисон таъкид мекунанд, смартфони нави iPhone 12 боиси комёбиҳои нави ширкат хоҳад шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ