Дар Антарктида устухонҳои паррандаи азимҷуссаро пайдо карданд


Олимони Донишгоҳи Калифорнияи ИМА ба кадом ҷонвар тааллуқ доштани устухонҳоеро, ки ҳанӯз дар солҳои 1980-ум дар Антарктида пайдо шуда буданд, муайян карданд. Ин устухонҳои паррандаи азимҷусса – пелагорнис будааст. Дар ин бора Scientific Reports хабар дод.
Болҳои пелагорнис ба 6 метр мерасид, ки он аз болҳои албатрос ду баробар калонтар аст. Пелагорнисҳо тӯли 60 миллион сол “подшоҳон”-и осмони уқёнусҳо буданд.
Пелагорнисҳо 62 миллион сол пеш ба ин ҳад азимҷусса набуданд. Вале баъди 12 миллион сол онҳо хеле бузург шуданд. Ба хулосаи олимон, ин паррандаҳо баъди ба Замин бархӯрдани астероид, ки 66 миллион сол пеш рух дод ва динозаврҳоро нобуд кард, якбора таҳаввул (эволюция) карданд. Дар гирду атрофи уқёнусҳо ягон навъи дигари паррандаҳо набуд, ки бо пелагорнисҳо тавони ҳампанҷа шуданро дошта бошанд. Пелагорнисҳои охирин 2,5 миллион сол пеш зиндагӣ кардаанд. Дар он замон иқлими замин торафт сардтар мешуд ва даври яхбандон омад. Антарктидаи гарму сабз ба замини яхбаста табдил ёфт. Эҳтимолан ҳамин сабаби нобуд шудани пелагорнисҳо аст.
Устухонҳои пелагорнисҳо, ки дар Антарктида пайдо шуд, аз 40 то 50 миллион сол таърих дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ