“Зарядка”-и шабона ба смартфон зараре надорад?


Смартфонҳои имрӯзаро метавонед тамоми шаб барои қувват гирифтан гузоред ва роҳат бихобед. Павел Мясоедов, мутахассиси смартфонҳо аз Русия дар шабакаи телевизионии “МИР 24” дар ин бора ҳарф зад. Ба гуфтаи Мясоедов, батареяҳои смартфонҳои имрӯз аз батареяҳои дирӯз фарқ мекунанд.
Ӯ гуфт, “Ин ҳоло мушкиле надорад. Батареяҳои имрӯз дигаргуна кор мекунанд… Вақте, ки батарея пур мешавад, ҷараёни қувват гирифтани смартфон ба тарзи автоматикӣ қатъ мегардад…”.
Ба гуфтаи Мясоедов, агар смартфон ҳангоми қувват гирифтан метафсад, бояд онро ба маркази хидматрасонии смартфон бурд. Тафсидани смартфон нишонаи муаммо дар кори батарея аст.
Смартфонҳо одатан ҳангоми истифода метафсанд, на ҳангоми қувват гирифтан. Чунки, ҳангоми истифода ҷараёни ҷудо шудани энергия аз батарея ба смартфон фишор меоварад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ