Туркия ва Ӯзбекистон созишномаи ҳамкориро имзо карданд


Баҳодир Қурбонов ва Хулуси Акар, вазирони мудофиаи Ӯзбекистон ва Туркия созишномаи низомӣ-техникӣ дар миёни ду кишварро имзо карданд. Дар ин бора вазорати мудофиаи Ӯзбекистон хабар дод.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта намояндагони Туркия таҳти роҳбарии Хулуси Акар ба Ӯзбекистон ташриф оварданд. Хулуси Акар дар чорчӯби ин сафараш бо Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон мулоқот кард.
Акар дар мулоқот бо раисҷумҳур ва вазири мудофиаи Ӯзбекистон вазъияти имрӯза ва ояндаи ҳамкории низомӣ ва низомӣ-техникии дуҷонибаро баррасӣ кард. Омӯзиши кадрҳои низомӣ яке аз масъалаҳои муҳимми мулоқот буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ