Коршиноси белгиягӣ дар бораи оши палав ва ҷараёни пухтани ин хӯрок китоб чоп кард

Коршиноси белгиягӣ дар соҳаи санъат ва дипломатияи қаннодӣ Пик Кеобандит дар китоби «Сафар дар давраи карантин – ресептҳои тамоми ҷаҳон» бо аксҳои рангоранг ресепти муфассали оши палави ӯзбекиро бо тавсифи ҷузъ ва ҷараёни пухтани хӯрок пешниҳод кард.
Пик Кеобандит бо диққат мушоҳида кард, дар «Рӯзи палави ӯзбекӣ», ки онро Сафорати кишварамон дар Белгия ташкил кардааст, оши палав чӣ гуна тайёр карда мешавад.
«Палави ӯзбекӣ, ки дар ошхонаи ӯзбекӣ ҷойгоҳи аз ҳама шоистаро ишғол мекунад — таъоми идона аст, ки одатан барои ҷашнҳои калон ба монанди тӯйҳо омода карда мешавад. Дар аксари оилаҳои ӯзбек ҳадди ақалл як маротиба дар як ҳафта оши палав омода карда мешавад», — мегӯяд муаллиф.
Вай ҷараёни марҳила ба марҳила омода кардани оши палавро муфассал тавсиф мекунад, инчунин дар бораи ҳамаи ҷузъҳои зарурии дар он маълумот медиҳад. Коршинос тавзеҳ медиҳад, ки «дар Ӯзбекистон танҳо навъҳои биринҷии маҳаллӣ – «лазер», «аланга», ки дар вилояти Хоразм ё Ҷумҳурии Қароқалпоқистон парвариш карда мешавад, инчунин «девзира»-и дар водии Фарғона истеҳсолшаванда истифода мешаванд».
Дар мақола махсус таъкид шудааст, ки палави дар дег пухта лазизтар мешавад, инчунин дар бораи дуруст оростани дастархон ва ба он пешкаш намудани таъоми машҳури ӯзбекӣ муфассал нақл мекунад.
Ғайр аз ин, муаллиф алоҳида қайд мекунад, ки «палави ӯзбекӣ кайҳост, ки дили аврупоиёнро тасхир кардааст, ки онҳо ба тамъи хуши он мафтун шудаанд. Ин хӯрок дар зиёфатҳое, ки аз ҷониби намояндагиҳои дипломатии Ӯзбекистон дар хориҷа ташкил карда мешаванд, хеле маъмул аст».

АИ «Дунё»,
БРЮССЕЛ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ