Вақте, ки вазири тандурустӣ ба қоидаҳои ҷорӣ кардаи худ амал намекунад


Роман Примула, вазири ҳифзи тандурустии Чехия қоидаҳои карантиниро, ки худаш ҷорӣ карда буд, худ вайрон кард ва дар пайи он маҷбур шуд истеъфо диҳад. Дар ин бора “Deutsche Welle” хабар дод.
Вазорати ҳифзи тандурустии Чехия ба далели афзоиши якбораи ҳолатҳои сирояти коронавирус ресторану кафеҳои кишварро баст.
Аммо, худи вазири тандурустӣ дар яке аз ресторанҳо зиёфат дод. Хабарнигорони ҳангоматалаб зуд ин воқеаро аксбардорӣ карданд.
Дар натиҷа, Примула маҷбур шуд, ки истеъфо диҳад.
Фардо, 29 октябр Ян Блатний вазири нави тандурустии Чехия эълон мешавад. Ин хабари маркази матбуотии раисҷумҳури Чехия аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ