Дар 9 моҳи сол тақрибан 60 ҳазор шаҳрванд нафақаи бекорӣ гирифтанд


Дар 9 моҳи соли ҷорӣ тақрибан 60 ҳазор нафар шаҳрванд нафақаи бекорӣ дарёфт карданд, беш аз 500 ҳазор нафар шаҳрванди бекор ба корҳои ҷамоатӣ ҷалб шуданд. Шумори умумии бекорон ҳоло дар Ӯзбекистон 1,9 миллион нафар аст.
Темур Маҳмудов, намояндаи вазорати шуғли аҳолӣ ва муносибатҳои корӣ гуфт, ки дар моҳҳои январ-сентябр сатҳи бекорӣ дар миёни аҳолӣ 13,2 дарсад буд.
Ёдовар мешавем, ба шахси бекор аз рӯзе, ки ба идораи маҳаллии кор номи худро ҳамчун ҷӯяндаи кор сабт мекунад, нафақаи бекорӣ таъин мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ