Озарбойҷон: Дар ҳамлаи Арманистон 21 нафар аз аҳолӣ кушта шуданд


Озарбойҷон дар бораи ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон ба шаҳрҳои Барда ва Тертер хабар дод.
Бино ба хабари додситонии кулли (генпрокуратура) Озарбойҷон, дар натиҷаи ин ҳамла дар Барда 21 нафар аз аҳолӣ кушта ва тақрибан 70 нафари дигар захмӣ шудаанд. Дар Тертер касе осеб надидааст.
Арманистон ин хабарҳои Озарбойҷонро рад кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ