Шавкат Мирзиёев президенти Туркияро табрик гуфт

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо иди миллии Туркия — Рӯзи ҷумҳурӣ паёми табрикӣ фиристод.
Дар нома бо қаноатмандӣ қайд карда мешавад, ки солҳои охир муносибатҳои гуногунҷанбаи байни кишварҳои мо дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, инфрасохторӣ ва молиявӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок босуръат рушд карда, ба сатҳи шарикии воқеии стратегӣ мерасанд.
Сарвари давлат ба роҳбари Туркия ва оилаи ӯ саломатии бардавом, хушбахтӣ, пирӯзиҳои нав ва талошҳои беохир барои фаъолияти гуногунҷабҳа ва масъулиятноки Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва ба халқи бародари Туркия сулҳ ва шукуфоӣ таманно кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ