Президенти Ӯзбекистон дар Форуми дуввуми байналмилалии ҳамкориҳои шимолии иқтисодӣ ширкат меварзад

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Форуми дуюми байналмилалии ҳамкориҳои шимолии иқтисодӣ, ки бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Корея Мун Чжэ Ин 30-юми октябр дар Сеул баргузор мешавад, ширкат меварзад.

Рӯзномаи чорабинӣ кӯшишҳои муштаракро барои рафъи оқибатҳои пандемияи коронавирус ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар бар мегирад.

Сарвари давлати мо дар баромади худ ба масъалаҳои мубрами сиёсати минтақавӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд.

Дар форум роҳбарони Ӯзбекистон ва Кореяи Ҷанубӣ ва инчунин президентҳои Русия, Қазоқистон, Туркманистон, Муғулистон ва дигарон ширкат мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ