Ҳамлаи террористӣ дар Фаронса: Қатли ваҳшиёнаи як зан ва ду марди дигар


Субҳи имрӯз як мард дар дохили калисои Нотр-Дами шаҳри Нитсаи Фаронса ба одамон бо корд ҳамла кард. Ӯ ба тарзи ваҳшиёна сари як занро ва гардани марди дигареро бурид. Ҳамчунин, боз як марди дигар аз зарби корди ӯ кушта шуд, чанд нафари дигар замхдор шуданд.
Бино ба хабари “МИР 24”, кормандони пулис ҳангоми боздошти қотил ба ӯ тир холӣ карданд. Дар натиҷа, ӯ захмӣ шуд. Ҳоло ин мард бо ҳоли вазнин дар бемористон аст.
Соати тақрибан 11.00 дар шаҳри Авинони Фаронса як ҳамлаи дигари мусаллаҳона анҷом ёфт. Марде бо шиорҳои динӣ дар кӯча ба роҳгузарон ҳамла кард. Аммо кормандони пулис дар наздикии ҳодиса қарор доштанд ва ба ӯро бо тири таппонча куштанд.
Баъди ин ҳодисаҳо дар Фаронса дараҷаи ҳадди аксари (максимум) таҳдиди террористӣ эълон шуд. Эммануэл Макрон, раисҷумҳури кишвар фардо нишасти Шӯрои амнияти миллиро баргузор мекунад.
Бояд гуфт, ки имрӯз дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саъудӣ марде посбони консулгарии Фаронсаро бо корд захмӣ кард. Ҳамлакунанда боздошт шуд. Вазъи саломатии посбон нигаронкунанда нест.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ