Ҷамъомади нуздаҳуми вазирони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шакли видеоконфронс баргузор гардид

Дирӯз ҷамъомади нуздаҳуми вазирони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), масъули фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва савдои беруна дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.
Дар ҷамъомад таваҷҷуҳи асосӣ ба вазифаҳои афзалиятноки рушди СҲШ бо мақсади рафъи оқибатҳои иҷтимоӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодии пандемияи коронавируси COVID-19, пешгирии таъсири манфии он ба амният ва суботи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ равона карда шуд.
Дар ҷараёни ҷаласа роҳбарони ҳайатҳо доираи васеи масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории минтақавии иқтисодиро баррасӣ карда, аз ҷумла оид ба ҳолат ва дурнамои ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисоди рақамӣ ва сармоягузорӣ дар фазои СҲШ мубодилаи афкор намуданд.
Инчунин иштирокчиёни ҷаласа аҳамияти ҳамкориро дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт ва логистика, туризм, кишоварзӣ, саноат, энергетика ва технологияҳои иттилоотӣ таъкид намуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ