Дар нишасти дуюми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ гуна масъалаҳо муҳокима гардид?

28 октябр бо ташаббуси Ҳиндустон нишасти дуюми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шакли видеоконфронс баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколама ва Сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба сифати меҳмон иштирок карданд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар медиҳад.
Ҷонибҳо дар бораи масъалаҳои ҳамкории сиёсӣ ва амниятӣ миёни Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, пешбурди ҳамгироӣ ва шарокат дар минтақа ва ҳамчунин густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуданд.
Зимни суханронӣ
Дар нишаст аҳамияти васл гардидани роҳҳо ҷиҳати афзоиши тиҷорати минтақавӣ ва инчунин наздик намудани равобити мардумони Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ таъкид гардид. Зимнан, ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки неруи транзитӣ ва нақлиётии кишварҳои минтақаро рушди беҳтар диҳанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин тавсеаи ҳамкории минтақавиро дар соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва сайёҳӣ муҳим арзёбӣ намуданд. Бо ишора ба ҳамагирии Ковид-19 ҷонибҳо даъват намуданд, ки барои пешгирии интишори баъдии ин беморӣ ва барқарорсозии рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа тадбирҳои муассири муштарак андешида шаванд.
Вазирон бо мақсади истиқрори сулҳ дар Афғонистон идомаи иштироки Афғонистонро дар Муколамаи Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ ҳамчун кишвари пайвасткунандаи роҳҳои транзитӣ дар густариши ҳамкории минтақавӣ дар соҳаҳои ҳамлу нақли мол ва энергетика таъкид намуданд.
Дар интиҳо Изҳороти муштарак дар бораи натиҷаҳои нишасти дуюми Муколамаи Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ қабул гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ