Ҳанс Клуге: бастани мактабҳо дар мубориза бо коронавирус тадбири бесамар аст

Директори минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар Аврупо Ҳанс Клуге бастани мактабҳоро тадбири бесамар дар мубориза бо коронавирус номид. Ӯ дар ин бора рӯзи сешанбеи 27 октябр дар сафҳаи Твиттер навиштааст.
«Баста шудани мактабҳо дар кори мубориза бо уфунат кам мусоидат мекунад, бинобар ин онҳо бояд кушода бошанд», — зикр кард ӯ. — Ин ҳолат ба кӯдаконе, ки дар шароити душвор зиндагӣ мекунанд, бештар таъсир мерасонад», — менависад Арменпресс бо истинод ба ТАСС.
Қаблан Клюге баста шудани мактабҳоро ҳангоми пандемия «бузургтарин халали таърихӣ дар таҳсили 1,6 миллиард хонанда дар беш аз 190 кишвари дунё» номид ва тавзеҳ дод, ки мактабҳо омили асосии паҳншавии уфунат нестанд.
31 август Дафтари минтақавии СУТ дар Аврупо ҷаласаи маҷозӣ барои 53 кишвари дунё оид ба кушодани мактабҳо ва COVID-19 доир намуд ва зимни он амалҳои мушаххас оид ба таъмини омӯзиши кӯдакон дар муҳити бехатар муҳокима шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ