Вазорати тандурустии Россия тавсияҳои навро доир ба табобати COVID-19 нашр кард

Вазорати тандурустии Россия тавсияҳои навшудаи табобати COVID-19-ро нашр кард. Ин санад дар сомонаи ин вазорат интишор ёфтааст.
Ба рӯйхати доруҳое, ки барои табобати коронавирус тавсия шудаанд, шаш дору шомиланд: фавипиравир, гидроксихлорохин, азитромитсин (дар якҷоягӣ бо гидроксихлорохин), доруҳои интерферон-алфа, инчунин ремдесивир, умифеновир.
Вазорат илова кардааст, ки маълумоти дар айни замон мавҷуда дар бораи натиҷаҳои табобат бо истифодаи тамоми доруҳо имкон намедиҳад, ки дар бораи самаранокӣ ё бесамарии онҳо хулосаи ниҳоӣ бароварда шавад. Зикр шудааст, ки иҷозати истифодаи доруҳо бо қарори комиссияи тиббӣ дода мешавад, агар фоидаи потенсиалӣ барои бемор аз хатари истифодаи онҳо зиёдтар бошад.
Пештар аз ин аз тавсияҳо оид ба табобати COVID-19 Вазорати тандурустии Федератсияи Россия ду доруеро, ки самаранокӣ нишон надода буданд, хориҷ карда буд. Сухан дар бораи доруҳои лопинавир ва ритонавир меравад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ